Воҳиби Бухороӣ
Воҳиби Бухороӣ (форсӣ: واهب بخارائ) — шоири тоҷик (асри 17).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Малеҳои Самарқандӣ дар сиккахонаи ҳукмрони давраш хидмат мекард ва дар мавзӯъҳои ишқӣ ба забони содаву равон шеър ҳам мегуфт. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои сурудаҳояш ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯянд:
Мову Маҷнун ду ҷигаргӯшаи аз як ҷигарем,
Дар ҷунун ҳар ду назарёфтаи як назарем.
Рафт аз пеши назар ёру хабардор накард,
Магар аз рафтани умри гузарон бехабарем?!
***
Аз он, Воҳиб, ба ёди зулфи ӯ ҳар шом мепечам,
Ки таъсири дигар дорад дуо дар пардаи шабҳо.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- ملیحای سمرقندی. مذاکر الاصحاب یا تذکرة الشعرأ. دوشنبه، 1380 هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Воҳиби Бухороӣ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.