Воҳид
Воҳид (ар. الواحد — як, якто), ал-Воҳид — яке аз номҳои Худованд, ба маънои якка ва ягона, ки ҳамто надорад, қабл аз Ӯ чизе набуда ва ҳукми адад бар Вай ҷорӣ набошад; зоте, ки касрат напазирад.
Воҳид Худои ягонаи ҳақиқист, ки дуввуме барояш вуҷуд надорад, дар сурате ки мавҷудоти дигар яке аз воҳидҳои навъи худ ҳастанд. Исми Воҳид ҳам бо Қуръон (2: 163) ва ҳам бо ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» (3507) дар радифи 67-ум собит шудааст. Воҳид дар Қуръон дар 6 маврид бо номи дигари Худованд — Қаҳҳор ҳамроҳ омадааст (12: 39; 13: 16; 14: 48; 38: 65; 39: 4; 40: 16).
Ҳастии Ту сурату пайванд не,
Ту ба касу кас ба Ту монанд не.Низомӣ. «Махзану-л-асрор»
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- ابواسحاق ابراهيم بن السري الزجاج. تقسيم اسماء الله الحسني. دمشق، ۱۹۸۶؛
- احمد مختار عمر. اسماء الله الحسني: دراسة في البنية والدلالة. القاهرة، ۱۹۹۷؛
- محمود سليمان سامي. النور الاسمي في شرح اسماء الله الحسني (ترجمۀ فارسي مجتبي دروزي). تهران، ۱۳۸۷ ش.ر
Сарчашма
вироиш- Воҳид / А. Боқизода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.