Воҳидҳои ҳиссаӣ
Воҳидҳои ҳиссаӣ — воҳидҳое, ки қисм (ҳисса)-и мушаххаси воҳиди бузургии физикавии муқарраршударо ташкил медиҳанд. Воҳидҳои ҳиссаӣ нисбат ба воҳидҳои системавӣ ё ғайрисистемавии бузургиҳои физикавӣ 10n баробар хурданд (мас., детсиметр – 10−1м, нанометр – 10−9м, пикометр – 10−12м ва ғайра) (n – адади томи манфӣ). Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо барои ифодаи воҳидҳои ҳиссаӣ чунин пешояндҳо қабул шудаанд:
Ҳиссаҳо | Пешоянд | Ишорат | |
Байналмилалӣ | Тоҷикӣ | ||
10−1 | детси | d | д |
10−2 | санти | c | с |
10−3 | милли | m | м |
10−6 | микро | μ | мк |
10−9 | нано | n | н |
10−12 | пико | p | п |
10−15 | фемто | f | ф |
10−18 | атто | a | а |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Воҳидҳои ҳиссаӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.