Воҳии Кобулӣ
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ аз шуарои машҳури замонаш буда, шеърро марғуб мегуфтааст. Пас аз касби камол дар дарбори ҳукмрони он давра Наввоб Исфандиёр хидмат мекард. Аз осораш ғазалҳо, қитъаҳо ва дигар анвои шеър дар тазкираҳо омадаанд. Абёти зерин аз ӯянд:
Дардмандему далели дард ранги зарди мост,
Хоксорему рухи пургард раҳоварди мост.
Дар биёбони фано ҳар сӯ набошад гирдбод,
Дар ҳавои меҳри ӯ рақсон ғубору гарди мост.
Қиссаи Фарҳод, донӣ, ин ҳама ширин чарост?
Шаммае аз достони ҷони ғампарварди мост.
Мешавад пажмурда аз боди хунук ҳар гул, вале
Тозагии он гули раъно зи оҳи сарди мост.
Ҷониби кӯяш гузаштам ҳамраҳи сели сиришк,
Гуфт он гул: «Воҳии хошок раҳоварди мост».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- مطربئ سمرقندی. تذ کرة الشعرأ. تهران، 1377 هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Воҳии Кобулӣ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.