Воҷеҳи Ҳайдарободӣ

Воҷеҳи Ҳайдарободӣ (форсӣ: واجيه حيدرآبادی‎) — шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17).

Воҷеҳи Ҳайдарободӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз Ҳайдаробод ба Гулканд назди Муҳаммадқулии Қутбшоҳ рафта, аз мулозимони ӯ гардид. Дар солҳои охири умр ба қаландарӣ рӯй овард. Ҳамчун дарвеш дар мавзеъҳои гуногуни Ҳиндустон зиндагӣ кардааст. Авҳадӣ соли 1612 дар Аҷмир Воҷеҳи Ҳайдарободиро дидааст.

Абёти зерин аз ӯст:

Мурдам зи заҳри мору ду зулфи сиёҳи дӯст,
Ай ғам, ба заҳрмораи холаш хабар бидеҳ.
Гар ошиқӣ, зи ҳар ду ҷаҳон дасту дил бишӯй,
По дар тариқи ишқ нигаҳ дору сар бидеҳ.

Адабиёт

вироиш
  • اوحدی تقی الدين محمد. عرفا ت العاشقين و عرصا ت العار فين. جلد 7 تهران 1389 هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш