Вулгаризмҳо (аз лот. vulgaris — авомона, омиёна, сода, одӣ) — калима ва ифодаҳои дурушт, дағал, қабеҳ, ва таҳқиру ҳақоратомезро гӯянд.

Вулгаризмҳо дар забон ба доираи ҳусни гуфтору одоби муошират ва маданияти сухан тааллуқ доранд. Онҳо эҳсосоту майлҳои иродавии манфиро ифода намуда, бештар хосси нутқи шифоҳӣ мебошанд. Дар нутқи хаттӣ, хусусан дар осори бадеӣ, дар забони каҳрамонҳои асар бо мақсадҳои муайяни услубӣ корбаст мешаванд.

Гурӯҳбандӣ

вироиш

Вулгаризмҳоро аз рӯйи сатҳу дараҷаи дуруштиву дағалӣ ва қабеҳияташон ба се гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Вулгаризмҳое, ки аслан дағалу қабеҳ нестанд, лекин номуносибу андаке дурушту гӯшхарошанд, мас., кӯр (қорӣ, оҷиз, нобино), қоқ (хароб, лоғар), мурдан (фавтидан, даргузаштан, бандагӣ ба ҷо овардан ва ғайра).
  2. Вулгаризмҳое, ки аз ҷиҳати ифодаи маъно ва ҷилои услубӣ нисбат ба гурӯҳи якум қабеҳтару дағалтар мебошанд: бетамиз, беақл, аҳмақ, аблаҳ, кӯрнамак, номард, ноодам, ҳаромхӯр, паст (одами паст), шайтон, хабис, хасиси мурда ва ғ. Шахсро вобаста ба хислату хусусият ва рафтори манфиаш ба ҳайвони ҳамхислаташ нисбат медиҳанд: мас., шахси маккору ҳиллагарро рӯбоҳ, серҷоғу бадфеълро – саг, беақлу якравро гов, тарсуву хабаркашро буз ва ғ. меноманд.
  3. Ба ин гурӯҳ дашному таҳқирҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолати эҳсосоти баланд ба забон меоянд ва дар нутқи хаттӣ маъмулан ба ҷойи чунин калимаву ифодаҳои ниҳоят дағал (дашному таҳқир) ҳарфи аввали калимаву ибораҳо се нуқта ва ё танҳо се нуқта гузошта шуда, хонандаи нуктасанҷ матлабро дарк мекунад.

Зуҳури Вулгаризмҳо дар забон амри воқеист, зеро ки тазодду шебу фарози зиндагӣ эҳсосоти манфии одамонро ба вуҷуд меоранд. Осудагии рӯзгор ба баланд гардидани сатҳи маданиятнокии мардум мусоидат мекунад ва ба ҳамон андоза истифодаи калимаву ифодаҳои дурушту қабеҳ ва дашному ҳақорат коҳиш ёфта, доираи истеъмоли калимаву ифодаҳои малеҳу ширинбаёнӣ – эвфемизмҳо густариш меёбад.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳусейнов Ҳ., Шукурова К. Луғати терминҳои забоншиносӣ. Д., 1983.

Сарчашма

вироиш