Вусто (ар. وسطی‎ ‒ миёна) — номи пардаи уд, ки бо ангушти миёна ишора шуда, фосилааш ба истилоҳи мусиқии имрӯза терсияи хурди ба он наздик ё баробар мебошад.

Яъне агар пардаи мутлақ до бошад, пас вусто ба ми-бемол баробар аст. Дар маъхазҳои қадимӣ оварда шудааст, ки мусиқидонони форс-тоҷик пардаи вусторо байни роҳи сабоба (ре) ва бинсир (ми) мебастанд. Ин вусто дар асари Форобӣ «Китобу-л-мусиқӣ ал-кабир» бо номи «Вустои Фурс» машҳур аст ва он ба терсияи хурд баробар мебошад. Тибқи маълумоти баъзе маъхазҳо эҷодкорӣ ин вусто Нашити Форсист. Ин пардаро асрҳои 9-11 муҷаннабуссабоба (яъне ре-диез) низ меномиданд;

Вусто пардаест, ки Мансури Ҷаъфар, лақабаш Залзали Розӣ ихтироъ кардааст ва он аз вустои Фурс ба фосилаи як парда зиёд аст, ки онро Залзал ном ниҳодаанд. Яъне ин пардаро Залзал байни бинсир (ми) ва хинсир (фа) ҷой додааст, ки дар истилоҳи имрӯза ба фа-бемол баробар мебошад. Вустои залзал дар мусиқии гузашта хеле кам истифода шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • ابونصر فارابی. کتاب بزرگ موسیقی/ ترجمه آزرنوش، تهران،۱۳۷۵ ه. ش.؛
  • برکشلی. مسیقی فارابی. تهران،۱۳۵۰ ه. ش.؛
  • فرهنگنامه مسیقی ایران. تهران، ۱۳۷۶ ه. ش.ر.

Сарчашма

вироиш