Вюрмсер, Андре
Андре Вюрмсер (1899, Порис — 1983, ҳамон ҷо) — нависандаи фаронсавӣ.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Узви Ҳизби коммунистии Фаронса (аз соли 1934) буд ва дар рӯзномаҳои «Юманите», «Леттр франсэз» кор мекард. Ба собиқ ИҶШС ду бор, аз ҷумла ба Тоҷикистон соли 1973 омад ва таасуроти сафарҳояшро навишта буд. Андре Вюрмсер яке аз мунаққидони эҷодиёти С. Айнист. Баъди ба забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр шудани «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ (1957) дар «Леттр франсэз» (1958, 9 — 15 январ, № 704), тақризе бо номи «Бузургӣ ва бадбахтиҳои Шарқ» навишта, андешаҳояшро оид ба ин асар иброз намуд. Ӯ Қорӣ-Ишкамбаро дар радифи Гранде ном қаҳрамони романҳои Балзак ва Гарпагони пйесаҳои Молйер гузошта, муқоиса намудааст. «Ёддоштҳо»-и Айниро ба романҳои психологии фаронсавӣ ва «Хонаи калон» ном романи нависандаи Алҷазоир Муҳаммад Диб наздик донистааст. Услуби С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо», сабки шоиронаи вай, баёни равшану возеҳ ва фаҳмои андешаҳо, ки худ ба қавли Андре Вюрмсер зодаву ба камол расида дар кишвари шоирон аст, Андре Вюрмсерро мафтун карда буд. Андре Вюрмсер баъди бозгашт аз Тоҷикистон сафарномае бо номи «Республика дар назди Боми Ҷаҳон» навишт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шокир Мухтор. Адабиёти тоҷик дар Франция. Д., 1985;
- Шокир Мухтор. Мақолот. Д., 2001.
Сарчашма
вироиш- Вюрмсер Андре / Ш. Мухтор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.