Гаа́га (ҳол. Den Haag, МФА: [dɛnˈɦaˑχ] / Шаблон:Lang-nl2, МФА: [ˈsxraːvə(n)ˌɦaːɣə] ) — шаҳр дар ғарби Нидерландия, қароргоҳи шоҳ ва ҳукумат, маркази маъмурии Ҳолландияи Ҷанубӣ. Масоҳаташ 98,20 км². Аҳолиаш 510,8 ҳазор нафар (2014).

Шаҳр
Гаага

ҳол. Den Haag / Шаблон:Lang-nl2
Cityscape of The Hague, viewed from Het Plein (The Square).jpg
International Court of Justice.jpgNoordeinde Palace.jpg
Exterieur OVERZICHT INGANG - 's-Gravenhage - 20285549 - RCE.jpgOverzicht voorgevel - 's-Gravenhage - 20358401 - RCE.jpg2010-05-22-den-haag-by-RalfR-43.jpg
Steigenberger Kurhaus Hotel.JPG2010-05-22-den-haag-by-RalfR-48.jpg
Binnenhof Panorama in Den Haag.jpg
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Кишвар Ҳоланд
Координатаҳо 52°05′03″ с. ш. 4°19′03″ в. д.HGЯO
Роҳбар Jan van Zanen[d]
Номи қавмӣ гаа́гец, гаа́гцы[1]
Коди телефон 070
Сайти расмӣ denhaag.nl
Транспортные артерии A4, A12, А13, А44, N14
Шаблон:+ПозКарты
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Гаага дар харитаи
Гаага
Гаага

НақлиётВироиш

Бандар дар соҳили баҳри Шимолӣ, маркази нақлиётии муҳим. Ба воситаи наҳрҳо, р. о. ва роҳҳои автомобилгард бо бандари Роттердам, пойтахти расмии мамлакат — Амстердам ва шаҳрҳои дигар мепайвандад.

ТаърихВироиш

Гаага бори нахуст дар сарчашмаҳои соли 1097 зикр шудааст. Дар ибтидо шикоргоҳи сарватмандони ҳолландӣ буд. Соли 1248 Виллеми Ҳолландӣ дар ин ҷо қалъае бунёд кард, ки баъдан дар атрофаш сукунатгоҳ қомат афрохт. Соли 1577 Г. ба қароргоҳи Вилгелми Оранӣ табдил дода шуд. Аз соли 1585 дар ин ҷо Иёлоти Генералии Ҷумҳурии музофоти муттаҳида ҷой гирифта Гаага бидуни ҳуқуқи шаҳр будан пойтахти он гардид. Соли 1806 пойтахти мазкур ба Амстердам интиқол ёфт ва ба Гаага ҳуқуқи шаҳр дода шуд. Соли 1813 яке аз марказҳои шӯриши зиддифаронсавӣ буд. Аз соли 1815 дар Гаага қароргоҳи монарх (шоҳ), парламенту ҳукумат, Суди олии шоҳӣ қарор доранд. Дар ин ҷо чандин конференсияи байналхалқӣ баргузор гардидааст. Бештари сокинони Гаага дар маркази маъмурӣ ва муассисаҳои ҳукуматӣ кор мекунанд. Дар Гаага қароргоҳи Суди байналмилалии СММ (трибунали ҳарбии Гаага), намояндагии СММ, Академияи байналмилалии ҳуқуқ, Суди байналхалқии ҷиноятӣ, Суди байналмилалии ҳакамӣ, қароргоҳи ширкати «Ройял Датч Шелл» воқеъ аст.

ИқтисодВироиш

Корхонаҳои бузурги саноати истеҳсоли техникаи электронӣ, коркарди филиззот, шиша, кимиёӣ, табъу нашр ва хӯрокворӣ (бештар қаноддӣ) бисёранд. Дар Гаага осори меъмории асрҳои 12-18 боқӣ мондааст. Академияи шоҳаншоҳии саноеи нафиса, Консерваторияи шоҳаншоҳии мусиқӣ ва рақс, Донишкадаи байналмилалии таҳқиқоти иҷтимоӣ, Нигористони бадеии шоҳаншоҳии Маурисхёйс (рассомии асрҳои 15-17), Нигористони шоҳзода Виллеми V, Осорхонаи Месдаг, осорхонаи либосҳо, китобхонаи шоҳаншоҳӣ мавҷуд аст. Мадюродам осорхонаи зери осмони кушод буда, дар он дастовардҳои муҳимтарини Ҳолландия дар андозаи 1: 25 ба намоиш гузошта шудаанд. Дар канори шарқии Г. дар Схевенинген фароғатгоҳҳои соҳили баҳр мавҷуданд.

ЭзоҳВироиш

  1. Словесное ударение на gramota.ru

СарчашмаВироиш


ПайвандҳоВироиш

Сомонаи расмии Гаага