Гавҳарбегим (форсӣ: گوهربیگم‎) — шоираи тоҷик (асри 19).

Гавҳарбегим
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар Озарбойҷони Эрон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ӯ дар манбаъҳои адабӣ, аз ҷумла тазкираи «Хайроти Ҳассон» чун шоираи ширинсухану хушадо ёд шудааст. Дар тазкираҳову баёзҳо намунаҳои ашъораш (ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо) сабт гардидаанд. Абёти зеринро дар тазмини ғазали шоира Тоҷуддавла гуфтааст:

« Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро».
Гузори ман ба калисо агар фитад рӯзе,
Ба дини хеш кашам духтарони тарсоро.
Ба як нигоҳ дусад мард мекунам зинда,
Хабар диҳед зи эъҷози ман Масеҳоро.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • کشاورز صدر. زنانی که به فارسی شعر گفته اند. تهران، ١٣٣٤هـ. ش

Сарчашма вироиш