Гавҳари шабчароғ
Гавҳари шабчароғ — дар боварҳои хурофотии эронитаборон гавҳари гаронбаҳоест ба андозаи тухми мурғ, ки дар торикӣ медурахшад. Он дар бинии гове, ки дар баҳр зиндагӣ мекунад, қарор дорад. Ин гов шабҳо барои чаро ба хушкӣ баромада, биниашро меафшонад, то гавҳари шабчароғ фурӯ афтад ва ӯ дар рӯшноии он чарида тавонад. Гов субҳгоҳон гавҳари шабчароғро ба биниаш фурӯ кашида, ба баҳр бозмегардад. Гавҳари шабчароғ дар адабиёти ирфонӣ (мас., қиссаи «Ақли сурх»-и Суҳравардӣ) бо номи «гавҳари шабафрӯз» рамзи маърифат, қувваи тафовуту фарқгузорӣ ва шуҳуд буда, аз дарахти Тубо равшанӣ мегирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- .دانشنامۀ دانش گستر. جلد ۱۴. تهران، ۱۳۸۹ ش
Сарчашма
вироиш- Гавҳари шабчароғ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.