Гавҳарӣ, Мирзо Ҳасаналӣ
Мирзо Ҳасаналӣ Гавҳарӣ (асри 19) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
вироишАслан аз Эрон бо мақсади тиҷорат омада буд ва муқими Бухоро гардид. Дар доираи тоҷирон барои навиштани дафтарҳои дахлу харҷи онҳо мутасаддӣ буд. Ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳ дошт ва дар ин ҷода комёб гардид. Аз девон доштанаш дар манбаъҳои адабӣ иттилоъ дода нашудааст. Дар баёзҳо (мас., баёзи 1622) ашъораш сабт гардидаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Дарди маро ба васли худ, эй моҳ, чора кун,
Мурдам зи ҳаҷр, баҳри Худо, як назора кун.
Орат гар аз аёдати бемори ишқ ҳаст,
Бар Мусҳафи рухат нигару истихора кун.
Розӣ агар ба қатли мани зор гаштаӣ,
Ҳоҷат ба теғ нест, ба абру ишора кун.
Дар маҷлисе, ки бӯйи нифоқ аст, Гавҳарӣ,
Озода бошу гӯшанишинӣ канора кун.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР. Т. V. Д., 1974;
- تذکرة الشعرای محترم. دوشنبه، ١٩٧٥
Сарчашма
вироиш- Гавҳарӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.