Гадоии Деҳлавӣ (форсӣ: گدایی دهلوی‎, Гадоии Канбу фарзанди Ҷалолии Деҳлавӣ; ? — 1571) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Гадоии Деҳлавӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар назди падараш, инчунин баъзе уламои давр улуми мутадовилаи даврро омӯхта, чун шахси донишманд машҳур гардид ва дар Гуҷарот ба тадрис машғул буд. Ба назди ӯ барои аз донишаш баҳравар гардидан аз Варорӯду Ироқ толибилмон меомаданд. Дар миёнсолӣ ба хидмати ҳукамои давр рӯй овард. Дар дарбори Иброҳими Лудӣ, Ҳумоюн, Акбар ба мансаби садорат расида буд. Дар назди Байрамхон — вазири Акбар обрӯю эътибори зиёд дошт. Аз шоирони форсигӯи Ҳиндустон вай танҳо дар ғазал табъозмоӣ кардааст. Намунаҳо аз ашъораш дар тазкираҳову осори таърихӣ (мас., дар «Мунтахабу-т-таворих») ба назар мерасанд. Ба се забон — форсӣ, арабӣ ва урду шеър мегуфт.

Байти зерин аз ӯст:

Гаҳе ҷон манзили ғам шуд, гаҳе дил,
Ғаматро мебарам манзил ба манзил!

Адабиёт

вироиш
  • دانشنامه ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند پاکستان و بنگلادش). جلد چهارم، بخش سوم. تهران، 1380 ش.ر

Сарчашма

вироиш