Рӯзнома
Рӯзнома (форсӣ: روزنامه), газета, — нашрияе аст, ки ба таври мураттаб ва муназзам таҳия, чоп ва пахш мешавад ва бе ҳеч қайду шарте дар дастраси мардум қарор мегирад. Рӯзнома на баёния аст ва на иттилоъия ва барои равшан сохтани афкори мардум, балки ба нашри ахбору иттилоот дар заминаҳои гуногун ва интиқоду салоҳандешӣ дар умурӣ умумӣ мепардозад.
Рӯзнома ҳар рӯз, ҳафтае як ё якчанд шумора, ё моҳе ду бор чоп шуда, аз воқеаву рӯйдодҳои ҳаёти ҳамарӯза ахбори фаврӣ ва матолиби таҳлилӣ пешкаш менамояд. Рӯзнома аз дигар нашрияҳои чопӣ бо ҳаҷму андозаву ороиши худ фарқ мекунад. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, кооперативҳо, ширкату сохторҳои тиҷоратӣ ва ё шаҳрвандони алоҳида метавонанд муассиси рӯзнома шаванд. Аммо ҷамъоварии маводди нашрӣ, таҳия ва ба чоп тайёр кардани матолиби фарогири рӯзнома ба дӯши шахсони эҷодкор вогузор аст, ки дар идора (редаксия)-и нашрия дар вазифаҳои мухбир, муҳаррир, гузоришгар, шореҳ, суратгир, рассом, ороишгар (дизайнер), мусаҳҳеҳ таҳти роҳбарии сармуҳаррир (муҳаррир) фаъолият мекунанд. Бо тақозои иқтисоди бозаргонӣ ва гароиши матбуоти даврӣ ба майлони тиҷоратӣ, дар рӯзнома ҳоло вазифаи намоянда (агент)-и реклама ва мудири тиҷоратӣ ба як пешаи нави замонавӣ табдил ёфтааст. Зеро ҳоло муштариёни охирин навгониҳои рӯз дар баробари ахбори сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ, ба дастрасии маълумот доир ба барномаҳои телевизион, вазъи ҳаво, бозори асъору коғазҳои қиматнок, хариду фурӯши молу маҳсулот, хидматрасониҳо низ ниёзи бештар дошта, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.
Пайдоиши рӯзнома
вироишПайдоиши рӯзнома ҳамчун намуди қадимии ВАО таърихи тӯлонӣ дорад. Пеш аз шаклгирии рӯзнома ба маънои имрӯзааш миллатҳои мутамаддин василаҳое барои дарёфти хабару иттилоот доштаанд ва бештари ҳукуматҳо пайваста ба огоҳ кардани мардум аз рӯйдодҳову назароти расмии ҳукумат исрор мекарданд. Мас., варақаи дастнависи румӣ – «Acta» («Воқеаҳои рӯз») инъикосгари зиндагӣ дар Руми Бостон (солҳои 59 то м., замони Юлий Сезар) буд, ки онро дар маҳалҳои пурҷамъият меовехтанд ва дар он ахбори кӯтоҳе дар бораи воқеаву рӯйдодҳои сиёсӣ, мурофиаҳои судӣ, куштору моҷароҳо, ҷангҳо, интихобот, ойинҳои динӣ, бозиҳо ва сӯхторҳо дарҷ мешуд. Нашрияи «Воқеаҳои Сенат» низ дар он давра ахбор, мусаввабаҳо ва рӯйдодҳои Сенати Румро гузориш мекард. Ин нашрия ҳарчанд пешрави рӯзномаҳои муҳим ба шумор меояд, нашрияи давлатӣ буд. Дар садаи III бо ибтикори Ардашери Бобакон корномае бо номи «Рӯзномак» фаъолиятҳои анҷомшудаи дарбор, давлат, мубади мубадонро дарҷ мекард ва барои мақомоту афроди хоссе ирсол мешуд. Ин кор то миёнаҳои ҳукумати Хусрави Парвиз идома дошт. Дар Чин (соли 713, наздик ба як қарн пас аз баста шудани «Рӯзномак») варақаҳои дастнависи иттилоотӣ ба ҳамон шакл ва бо номи «Пайки пойтахт» («Зин бао») вуҷуд доштанд, ки ахбори дарборро пайваста барои таҳсилкардагони давлати Пекин мунташир мекард. Соли 1445, пас аз он ки Иоҳанн Гутенберги олмонӣ мошини чопро ихтироъ кард, дар кишварҳои аврупоӣ ахбор (иттилоот) бо ёрии дастгоҳи чопӣ интишор меёфт. Яке аз нахустин намунаҳои ахбори чопӣ гузориш аз мусобиқоти варзишии соли 1470 дар Итолиёст. Номаи Христофор Колумб дар бораи кашфиёти ҷуғрофиёии ӯ тавассути дастгоҳи чопӣ интишор ёфта, дар арафаи бозгашти Колумб (апрели 1493) дар шаҳри Барселона паҳн гардидааст. Соли 1541 дар Мексика аввалин варақаи ахбори чопи Амрико дар бораи заминларзаи Гватемала нашр шуд. Вале, бо вуҷуди таърихӣ будани «Acta»-и румӣ, «Рӯзномак»-и эронӣ, «Зин бао»-и чинӣ, онҳоро наметавон рӯзнома номид, зеро онҳо дар баробари инъикоси маҳдуди рӯйдодҳои муайяни давр то замони мо нарасидаанд. Варақаҳои чопии хабарии итолиёиву амрикоиро низ ба унвони рӯзнома пазируфтан раво нест, чунки онҳо танҳо як бор ва маҳз ба хотири инъикоси як воқеа мунташир шудаанд. Танҳо аз садаи XVI рӯзномаҳо бо маънои имрӯзаи нашрияҳои даврӣ шакл гирифтанд. «Газета» тангаи хурди итолиёӣ – gazzetta (гасетта) буд (аз номи паранда – «акка», ки расми он бар рӯйи сикка тасвир шуда буд), ки маъмулан бо он дар шаҳри Венетсия як варақаи дастнависи ахбори рӯз (аз зиндагии дарбор, навгониҳои бозаргонӣ, рӯйдодҳо аз дигар шаҳрҳо) харида мешуд. Бо ин қиёс варақаҳои дастнависи румию эронию чинӣ ва варақаҳои чопии ахбори итолиёиву амрикоиро ба ҳайси пешзаминагони рӯзнома дониста, варақаҳои дастнависи ахборро, ки бо номҳои «газетта» ва ё «авизи» (avizi) дар садаи XVI дар Венетсия пайдо шуданд, саромади рӯзнома ва умуман матбуоти даврӣ метавон пазируфт. Венетсия дар он айём аз ҷумлаи шаҳрҳои аврупоии маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ба шумор мерафт ва табиист, ки ниёз ба ахбору огоҳӣ аз нарху гардиши молу коло ва хидматрасонӣ, вазъи минтақаву ҷаҳон пайдоиши воситаи иттилоотро тақозо мекард. Дарвоқеъ, варақаҳои дастнависи ахбор «Авизи» (avizi) аз майдонҳои ҷанг, ҳаёти сиёсии Итолиё ва ҷаҳон ахбори навро бештар интишор медоданд. Аз соли 1566 «Авизи» ҳафтавор ба табъ расида, аз ҳудуди Венетсия берун мерафт ва ҳатто баъзе шумораҳои он то Лондон мерасиданд. Ҳамин тавр, варақаҳои дастнависи ахбор бо номи «газетта» (gazettа – гасетта) машҳур шуданд ва нашрияҳои даврии минбаъд пайдошуда ин номро ба худ гирифтанд.
Нахустин рӯзномаҳо бо маънои имрӯзаи нашрияҳои даврӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд омадаанд. Рӯзномаҳои олмонии «Аллер фурнеммен» («Aller Furnemmen»)-ро Иоҳанн Каролус дар Страсбург ва «Авизо релейшен одер цайтунг» («Avizo-Relation оder Zeitung»)-ро Лукас Шулте дар Волфенбютеллу соли 1609 ба чоп расонданд. Нахустин рӯзномаи англисӣ бо номи тӯлонии «Соатҳои бурҷӣ ва ё ахбори ҳафтаина аз Итолиё, Олмон, Маҷористон, Лаҳистон, Богемия, Фаронса ва Ҳолланд» («Corante, or weekely newes from Italy, Germany, Hungary, Poland, Bohemia, France, and the Low Countrey») бо имзои мустаори N. B. 24 сентябри 1621 ба табъ расидааст. Дар Фаронса нахустин нашрия «Газетт де Франс» («Gazette de France») ном дошт, ки онро Теофраст Ренодо соли 1631 дар Порис ба нашр расонд. «Газетт де Франс» аз нашрияҳои ҷиддӣ ва хондании Фаронса буда, то оғози Инқилоби соли 1789 дар ин кишвар ба табъ расид. Дар Русия рӯзнома бори нахуст бо номи «Ведомости» соли 1702 бо фармон ва иштироки бевоситаи худи Пётри 1 таъсис ёфт.
Ба кишварҳои форсизабон ва мусулмони Шарқ рӯзнома аз Аврупо бо истилоҳи аслиаш «газета», «газет» ворид гардид ва минбаъд ноширон ҳангоми таъсис додани нашрияҳои худӣ кӯшиш карданд онро бо истилоҳу мафҳумҳои тарҷумашуда ва ё ҳаммаъно номгузорӣ кунанд. Мас., нахустин рӯзномаи форсӣ дар Ҳиндустон бо номи «Ахбор» (соли 1798) ба табъ расидааст. Пас аз он чандин рӯзномаи форсӣ дар Ҳиндустон табъу нашр шуданд. Рӯзномаҳои «Ҳиндустон» (1810), «Миръоту-л-ахбор» (1822), «Ҷоми ҷаҳоннамо» (бо забонҳои форсӣ ва урду; 1822), «Сироҷу-л-ахбор» (1841), «Ҳаблу-л-матин» (1893) ба шакли нашрияҳои ҳафтавор чоп мешуданд, ки аслан ба анъанаҳои рӯзноманигории ғарбӣ (англисӣ) такя мекарданд. Муаллифони китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» И. Усмонов ва Д. Давронов сабабҳои на дар Эрону Афғонистону Осиёи Миёна, балки дар Ҳиндустон ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи форсиро чунин шарҳ додаанд: «Ин ҳолат шояд се сабаб дошта бошад: Аввалан, аз нуқтаи назари он ки забону фарҳанги форсӣ дар арзи чандин қарн (аз асрҳои 11–12) сар карда дар Ҳиндустон нуфузи калон дошт ва ҳатто забони форсӣ забони ҳокимият ва табақаи ашроф буд. Сониян, забони форсӣ забони илму фарҳанг буд ва дар кишварҳои зиёде – Эрон, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Чин, Афғонистон ва Ҳинд роиҷ ва ҳатто дар байни мардуми туркзабону урду ва пушту забони шеъру адаб ва тарғиби мазҳаб низ ба шумор мерафт. Ва ниҳоят, ишғолгарони инглис, ки дар кишварҳои форсизабон тасаллут надоштанд, ё камтар доштанд, пас аз он имконоте, ки дар Ҳиндустон пайдо карданд, ба манфиати таблиғотии худ истифода мебурданд».
Нахустин рӯзнома дар Туркияи усмонӣ бо номи «Тақвими вақоеъ» (1830) чоп шуд. Минтақаи дигаре, ки намунаҳои рӯзномаи форсӣ пайдо шуданд, Гурҷистони Қафқоз буд. Дар соли 1830 баъзе саҳифаҳои рӯзномаи «Тифлисские ведомости» (мудираш Сонковский П. С.) ба забони форсӣ ба табъ мерасид.
Нахустин рӯзнома дар Эрон
вироишПайдоиши нахустин рӯзнома дар Эрон ба марҳалаи маорифпарварии салтанати Қоҷориён рост меояд. Соли 1837 рӯзномаи «Коғази ахбор» аз ҷониби Мирзо Солеҳбеки Шерозӣ, ки таҳсилкардаи Лондон ва аз маорифпарварони Эрон буд, ба нашр расид. Дар он давра нашрияҳои «Рӯзномаи миллӣ» (1866), «Эрон» (1871), «Иттилоъ» (1878) аз ҷумлаи рӯзномаҳои бонуфуз ва таъсиргузори форсӣ буданд. Омилҳои такондиҳандаи пешрафти матбуот дар Эрон ва низ Туркияи усмонию Мисру Ҳинд дар садаи XIX аз таъсири Ғарб дониста мешаванд ва ин рӯзномаҳо асосан хусусияти тақлидӣ доштанд. Дар Афғонистон нахустин рӯзномаро бо номи «Кобул» соли 1869 адиб ва мутафаккири номдор Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ таъсис дод. Рӯзномаҳои «Шамсу-н-наҳор»-и Абдулқодирхон (1873), «Сироҷу-л-ахбори Афғонистон»-и Абдуррауфхон (1906) чун намунаҳои аввалин нашрияҳои чопии Афғонистон эътироф шудаанд.
Рӯзнома дар Осиёи Миёна ба туфайли русҳо, пас аз ишғоли ин сарзамин аз ҷониби Русияи подшоҳӣ ва таъсис ёфтани давлатдории русӣ бо номи Туркистон ба вуҷуд омад. Омили аслии рӯйи кор омадани рӯзнома дар ин сарзамин ҳамоно ба хотири татбиқи сиёсати давлатдории русӣ, зери таъсир қарор додани афкори мардуми бумӣ буд. Бо ин мақсад Генерал-губернатории рус бо номи «Туркестанские ведомости» рӯзнома таъсис дод, ки аз 28 апрели (10 майи) 1870 то 15 декабри 1917 ба табъ расидааст. Ховаршиносони маъруфи рус Бартолд В. В., Федченко А. П., Берг Л. С., Мушкетов И. В., Ошанин В. Ф. бо «Туркестанские ведомости» ҳамкорӣ мекарданд. Аз хабарнигорони маҳаллӣ Сатторхон Абдулғаффоров (аз Хуҷанд) бо «Туркестанские ведомости» ҳамкорӣ дошт. «Туркестанские ведомости» зери унвонҳои «Ахбори дохилӣ», «Воқеа ва хабарҳо», «Аҳволи маҳал», «Дар кишвар» ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ, қаламрави ҷуғрофӣ, анъана ва расму ойини миллӣ, адабиёту фарҳанги аҳолии минтақа таваҷҷуҳи бештар доштааст. Дар Туркистон инчунин рӯзномаҳои «Закаспийское обозрение» (1895–1913), «Окраина» (1890–98), «Туркестанская туземная газета» (1870–1917) ба забони русӣ ва «Туркистон вилоятининг газети» (1872–1917) ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ чоп шудаанд.
Бо таъсири Инқилоби якуми Русия (1905) дар Туркистон матбуоти сиёсӣ пайдо шуд. Рӯзномаи «Рабочий» (нашрияи пинҳонкори сотсиал-демократҳои Туркистон)-ро сароғози ин гуна матбуот шумурдан мумкин аст, ки аз 20 сентябри 1905 то феврали 1906 ба табъ расидааст. Пас аз суқути «Рабочий» дар манотиқи гуногун рӯзномаҳои «Рабочий листок Молот» (феврал – октябри 1906), «Солдатский листок «Правда» (1906), «Земля и воля» (апрел – декабри 1906) чоп шудаанд. Зимнан, баъзе аз рӯзномаҳое, ки то Инқилоби якуми Русия нашр мешуданд, аз ҷумла «Русский Туркестан» (сентябри 1898 – феврали 1907), «Асхабад» (январи 1899 – майи 1918), «Самарқанд» (апрели 1904 – 1913), бо таъсири ғояҳои сотсиал-демократҳои рус минбаъд ба худ майлони сиёсӣ гирифтанд. Аз соли 1906 дар музофоти Туркистон намояндагони буржуазияи миллии навпайдо ба таъсиси рӯзномаҳои хусусие даст заданд, ки «ҳамаи онҳо равияи ҷадидӣ ва пантуркистона дошта, бо забони туркӣ мебаромаданд» («Таърихи журналистикаи тоҷик»). Муҳақиқон омили асосии бо забони туркӣ пайдо шудани нашрияҳои ҷадидии Осиёи Миёнаро аз таъсири амиқи рӯзномаи «Тарҷумон» ба афкори равшанфикрони минтақа мешуморанд. «Тарҷумон»-ро (10 апрели 1883–1914) Исмоили Ғаспаронӣ (Исмаил Гаспаринский) – яке аз асосгузорони пантуркизм дар Русия таъсис дода буд, ки бо забони тотории наздик ба туркии усмонӣ чоп мешуд ва дар баробари ахбори русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ порчаҳои манзум ва мансури форсиро низ ба табъ мерасонд. Рӯзномаҳои «Хуршед» (6 сентябри 1906 – 16 ноябри 1906, муассис Мунаввар Қорӣ ибни Абдуррашидхон), «Туҷҷор» (27 августи 1907–1908, муассис Саидкарим Саидазимбой), «Шуҳрат» (декабри 1907 – марти 1908, муассис Аҳмадҷон Бектемиров), «Азия» (апрели 1908, муассис Аҳмадҷон Бектемиров), бо вуҷуди он ки маҳакки фаъолияти хешро иҷтимоию илмӣ эълон карданд, мубаллиғ ва ҳомии манфиатҳои буржуазияи навхези маҳаллӣ буданд.
Рӯзномаҳо дар Тоҷикистон
вироишНахустин рӯзномаи тоҷикӣ
вироишНахустин рӯзномаи тоҷикӣ 11 марти 1912 дар Бухоро бо номи «Бухорои шариф» (дар матбааи шаҳри Когон) аз чоп баромад. Пайдоиши нашрияҳои ҷадидӣ ба забонҳои мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро аксари муҳаққиқони замони Шӯравӣ ба таъсири Инқилоби якуми Русия (1905) марбут донистаанд, ки ин унвон чандон ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро дар пажӯҳиш ва натиҷагириҳои муҳаққиқони даврони Шӯравӣ аз ҷанбаҳои воқеиву таърихӣ омилҳои идеологӣ бештар бартарӣ пайдо кардаанд. Албатта, таъсири равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Русияро ба ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна наметавон нодида гирифт. Ва ин ҳам дар ҳоле будааст, ки таъсиргузории публитсистикаи форсии хориҷию туркӣ ба раванди ташаккули матбуоти ҷадидии тоҷикӣ аксаран тавассути сарзамини рус ва идораву намояндагиҳои Русияи подшоҳӣ сурат мегирифт. Аммо пажӯҳишҳои охир (Набавӣ А. «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ) ақидаеро, ки Инқилоби якуми Русия омили асосии пайдоиши матбуоти ҷадидия дар Осиёи Марказӣ аст, рад мекунанд. Зеро то нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» бархе аз равшанфикрону маорифпарварони Бухоро баҳри ба майдон овардани нашрияҳо кӯшишҳо карда буданд, вале бо сабабҳои гуногун ин амал муяссар намешуд. Баъдан ду шахсияти маъруфи он давра – тоҷири бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансурзода (Мансуров) ва адиби бухороӣ Мирзосироҷ (маъруф бо номи доктор Собир) барои таъсиси рӯзномае бо забони аҳли Бухоро агарчи имконоти молӣ доштанд, вале барои таъсису нашри чунин рӯзнома иҷозати амири Бухоро ва ҳам Элчихона (сафоратхона)-и Русияи подшоҳӣ дар Бухоро лозим буд. Ниҳоят онҳо бо ёрии мудири матбаа Левини яҳудӣ ба таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» муваффақ шуданд. Ҳамин тариқ, марҳалаҳои такмилу пешрафти матбуоти тоҷикро метавон ба се давра тақсим кард: 1. Давраи ба майдон омадани нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ ва шаклгирии матбуоти тоҷик дар Осиёи Марказӣ (1913–19). 2. Матбуоти тоҷик дар даврони ҳукумати шӯравӣ, ё худ матбуоти ҶШС Тоҷикистон (1919–90). 3. Давраи навини матбуоти тоҷик, аз «перестройка»-и горбачёвию соҳибистиқлолии Тоҷикистон то имрӯз.
Ба туфайли интишори рӯзномаи «Бухорои шариф» дар Осиёи Миёна рӯзномаҳои тоҷикӣ ва фарогири саҳифаҳои тоҷикӣ ба саҳна омаданд. Рӯзномаи «Садои Туркистон» ба ҳайси нашрияи адабӣ, иқтисодӣ, фаннию адабӣ аз апрели 1914 зери таҳрири Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев бо фосилаи ҳафтае ду бор ба чоп шурӯъ карда, то 66 шумора ба табъ расид. Рӯзномаи «Садои Фарғона» (3 апрели 1914–1916; ношир ва муҳаррираш Обидҷон Маҳмудов) ба забонҳои туркию форсӣ ҳафтае се бор дар ш.-ҳои Қӯқанду Марғелон; рӯзномаи «Рӯзномаи моварои баҳри Хазар» (14 декабри 1914 – феврали 1917) дар Ашқобод ба забонҳои форсию туркманӣ чоп шудааст. «Шуълаи инқилоб» (10 апрели 1919 – 8 декабри 1921) аввалин рӯзнома (ҳафтанома)-и шӯравии тоҷикӣ буд, ки дар ҳаҷми 8 саҳифа ҳамагӣ 91 шумора ба табъ расид. «Қутулиш» (28 июни 1920 – 13 августи 1920, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ), «Учқун» (15 апрели 1920, ҳамагӣ 8 шумора, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ), «Бухоро ахбори» (ношири афкори ҳукумати муваққатии инқилобии Бухоро, ба забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ), «Рӯшноӣ» (декабри 1921 – июни 1922, ба тоҷикии лаҳни яҳудӣ ва хатти арабӣ) аз рӯзномаҳои шӯравӣ буданд, ки асосан дар ҳудуди шаҳрҳои Тошканд ва Бухорову Самарқанд табъу нашр мешуданд. Соли 1924 дар кишвари Туркистон 46 рӯзнома аз чоп баромад. Яке аз онҳо рӯзномаи «Овози тоҷик» буд, ки бо номи «Овози тоҷики камбағал» то шумораи 9-ум чоп шуд. «Овози тоҷик» аввал органи кумитаи ҳизбӣ ва комиҷроияи вилояти Самарқанд буд, баъд ба органи Бюрои ҳизбӣ ва Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон табдил дода шуд.
Минбаъд дар ҳудуди таъйиншудаи Тоҷикистон (Бухорои Шарқӣ) раванди тавсиаи нашрияҳо бо амалиёти Артиши Сурх дар мубориза алайҳи ҳаракати зидди ишғолгарии босмачиён рабт мегирад. Чун ҳаракати босмачигарӣ охирҳои соли 1922 аз водии Фарғона ба Бухорои Шарқӣ кӯчид, нашру пахши ҷаридаҳои Округи ҳарбии Туркистон дар Душанбе ва атрофи он душвор шуд ва идораи сиёсии ҷабҳаи ҳоким дар пайи нашри рӯзнома дар ин минтақа гардид. Дар оғози кор «Бюллетенҳои ахборӣ»-и чопӣ дар ҳаҷми 30–34 саҳифа барои кормандони сиёсии ҷабҳа фиристода мешуданд. Рӯзномаҳои «Красный Каратегин» (декабри 1923, ба таври мошиннавис, моҳе як бор), «По басмачу!» (13 декабри 1923 – баҳори 1926, ношири афкори идораи сиёсии корпуси 13-уми тирандози болшевикҳо), «Овози Шарқ» (тоҷикӣ, 12 августи 1924 – марти 1925) аз ҷумлаи рӯзномаҳое буданд, ки дар баробари тарбияи сиёсию ҳарбии аскарон, инчунин тарғиби ҳокимияти сотсиалистии шӯравиро ҳадафи асосӣ қарор дода буданд. 15 апрели 1925 дар шаҳри Душанбе шумораи аввалини рӯзнома «Иди тоҷик» (аз шумораи 2 – «Бедории тоҷик»), зери таҳрири Аббос Алиев дар ҳаҷми 16 саҳифаи шакли А–4, бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Номи «Бедории тоҷик» аз 8 октябри 1928 ба «Тоҷикистони сурх» (аз 1 январи 1955 ба «Тоҷикистони советӣ», соли 1990 ба «Тоҷикистони шӯравӣ», пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият») табдил шуд. Дар ин солҳо ташвиқ ба сафҳои Артиши Сурх, мубориза ба муқобили босмачиён, ба мардум фаҳмонидани моҳият ва мустаҳкам намудани сохторҳои Шӯравӣ, ташкил намудани мактабҳои нав, маҳви бесаводӣ, даъват ба ҷорӣ намудани тарзи ҳаёти нав мавзӯъҳои асосии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-ро ташкил медоданд. Аз ҷумла навиштаҳои роҳбарони он замони ҷумҳурӣ ба мисли Нусратуллоҳ Махсум, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур дар ин нашрия фарогири ҳамин масъалаҳо буданд.
Дар дигар марҳалаи ҳассос – солҳои ҶБВ «Тоҷикистони сурх» низ ба мисли дигар рӯзномаҳо ба мушкилоти кадрӣ, моддию техникӣ мувоҷеҳ шуд, вале ҳайати эҷодӣ бо роҳбарии Набиҷон Почоҷонов ва сипас Самад Ғанӣ, тавонистанд фаъолияти рӯзномаро мутобиқ ба талаботи давраи ҷанг ба роҳ монанд. Дар ин солҳо очерку памфлетҳои устод С. Айнӣ, ашъору осори публитсистии ватанпарастонаи А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, С. Улуғзода, Ш. Ҳусейнзода ва Б. Ғафуров, ки вазифаи котиби КМ ҲК Тоҷикистонро ба уҳда дошт, онҳоеро, ки дар ҷабҳа буданд ва мардуми ақибгоҳи ҷабҳаро баҳри ғалаба бар фашизм рӯҳбаланд месохтанд.
Рӯзнома дар воқеъ рӯйдодҳоро ҳаммонанди китоб ё радиову телевизион нашр намекунад, зеро на ҳамчун китоб фурсату фазои кофӣ барои таҳлилу арзёбии ахбор дорад ва на монанди радиову телевизион бо шитобзадагӣ ҳамроҳ аст, балки дар фосилаи ин ду омил қарор мегирад. Ба илова рӯзнома дар саҳифаҳои хеш метавонад садҳо хабари гуногунро дарҷ намояд ва чанд баробари радиову телевизион матлаб мунташир кунад. Дар рӯзнома метавон бо таваҷҷуҳ ба гурӯҳҳои мухталифи хонандагон ва алоқамандиҳои гуногуни онон матнҳо, саҳифаҳо ва ҳатто чопҳои ҷудогона эҷод кард ва анвои хабарҳои умумӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва амсоли онро ба чоп расонд.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанг (2015) дар Тоҷикистон 355 рӯзнома ҳаққи чоп дошта, беш аз 190-тоашон дар Душанбе ба табъ мерасанд. Аммо бештар аз нисфи ин теъдод номунтазам табъу нашр мешаванд. Дар ин миён 102 рӯзнома аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва 253 рӯзнома тавассути манбаъҳои ғайрибуҷавӣ (созмонҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ, аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон) фаъолият мекунанд. Аз ин зовия рӯзномаҳои Тоҷикистонро мувофиқи аломати манбаъҳои маблағгузорӣ метавон ба 2 гурӯҳи калон ҷудо кард: рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ. Ба гурӯҳи аввал рӯзномаҳоеро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (мас., «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра) ва ба гурӯҳи дуюм рӯзномаҳоеро, ки аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ малағгузорӣ мешаванд (мас., «Фараж», «Озодагон», «Миллат» ва ғайра), метавон дохил кард. Ин ду гурӯҳ аз рӯйи мансубият ба муассисашон ба 5 зергурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Рӯзномаҳои расмӣ ва соҳавии ҳукуматӣ (мас., «Ҷумҳурият», «Омӯзгор»); 2. Рӯзномаҳои аҳзоби сиёсӣ (мас., «Минбари халқ», «Наҷот»); 3. Рӯзномаҳои ҷамъиятӣ (мас., «Нигоҳ», «Фараж»); 4. Рӯзномаҳои саҳомӣ (мас., «Чархи гардун», «Азия-плюс»); 5. Рӯзномаҳои хусусӣ (мас., «Имрӯз News», «Озодагон»). Муҳаққиқон 6 вижагиеро барои ин таснифот нишон доданд: минтақаи интишори рӯзнома; муассиси рӯзнома; аудиторияи ҳамагонӣ (доираи бархурдорӣ аз иттилооти рӯзнома); фаъолияти қонунӣ доштани рӯзнома; аломатҳои табъу нашрии рӯзнома; рӯзномаҳои хушсифат ва оммавӣ.
Минтақаи интишори рӯзнома – маҳдудае, ки ин нашрия пахш мешавад. Мас., рӯзномаҳое ҳамчун «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» дар пойтахти ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд, ки маҳдудаи тавзеи онҳо танҳо шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он аст. Баръакс, рӯзномаҳое ба мисли «Варорӯд» (Хуҷанд), «Пайк» (Кӯлоб) фаротар аз маҳалли нашри хеш муштарӣ доранд. Дар ин миён рӯзномаҳое ҳам ҳастанд, ки ба туфайли маблағҳои бурсии созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва бо вуҷуди тиражи начандон калон (3–4 ҳазор нусха) ба минтақаҳои бештар паҳн мешаванд (нашрияи «Импульс»-и шаҳри Хоруғ). Солҳои охир чандин рӯзномаҳои чопи Душанбе («СССР», «Озодагон» бо теъдоди 3,5–4 ҳазор нусха) бинобар маводди нашриашон, матолиберо хориҷ аз кишвар бо истинод аз хабарнигори хеш ба нашр мерасонанд (аз Маскав, Санкт-Петербург, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Монреал ва ғайра). «Озодагон» (бино бар маълумоти ин нашрия) дар сартосари Тоҷикистон ва ш.-ҳои Самарқанд, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Алмаато, Бишкек, Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург паҳн мегардад. Нашрияҳоро бо ин вижагии масири интишор метавон ба гурӯҳи фаромиллӣ (транснациональное) ва миллӣ ё марказӣ тақсим кард. Барои рӯзномаҳои фаромиллӣ таҳияи иттилооти дархур баҳри муштариёни берун аз кишвар шарти муҳим аст. Хусусияти рӯзномаҳои миллӣ ё марказӣ дастрас шудани онҳо ба тамоми минтақаҳо ё ақаллан ба аксари маҳалҳои қаламрави кишвар мебошад. Дар даврони шӯравӣ рӯзномаҳои «Правда», «Известия», «Комсомольская правда» ба таври расмию ғайрирасмӣ ин гуна вижагӣ доштанд. Дастуроте, ки хусусан дар сармақолаҳои ин нашрияҳо чоп мешуд, барои созмонҳои ҳизбӣ ва сохторҳои идории тамоми қаламрави шӯравӣ чун барномаи амал пазируфта мешуданд. Бо фарорасии фазои истиқлолу субот, пайдоиши заминаҳои рушди демократӣ, таъсисёбии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон журналистика низ ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ ба марҳалаи нави рушд қадам ниҳод. Ҳоло дар Тоҷикистон баробари рӯзномаҳои ҳукуматӣ, даҳҳо рӯзномаи ғайриҳукуматӣ низ рӯйи кор омада, тибқи талаботи бозори иттилоотӣ фаъолият доранд. Дар радифи рӯзномаҳои марказӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо низ рӯзномаҳо ба нашр мерасанд. Ҳамчунин корхонаҳои алоҳида, вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, мактабҳои олӣ, институтҳои таҳқиқоти илмӣ ва шаҳрвандони алоҳида рӯзномаҳои худро доранд. Аз ҷумла рӯзномаҳои вилоятӣ дар низоми матбуоти даврии Тоҷикистон дорои мавқеи муайян мебошанд. Ин рӯзномаҳо аз замони шӯравӣ мерос монда, органи аслии ҳукумати вилоят буда, аз буҷети он маблағгузорӣ мешаванд (дар замони шӯравӣ ба зиммаи кумитаи ҳизбии вилоят буд). Рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон» (ВМКБ), «Ҳақиқати Суғд» (вилояти Суғд), «Хатлон» (вилояти Хатлон) ва «Навиди Кӯлоб» (минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) чун ворисони «Бадахшони советӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Ҳақиқати Кӯлоб», ки дар замони истиқлол бо табдили ном ба ихтиёри ҳукумати вилоятҳо гузаштанд, дар равиши сиёсии фаъолиятҳои хеш дигаргуние ворид накарданд. Рӯзномаҳои маҳаллӣ (ноҳиявию шаҳрӣ) бо хусусиятҳои осон дастрас будан, ба арзу ниёзи хонанда ҳамроз шудан, воситаи самимии робитаи маънавии сокинони маҳалли муайян будани хеш дар низоми матбуоти даврии охири садаи XX мавқеи хос доштанд. Имрӯз теъдоди ангуштшуморе аз рӯзномаҳои маҳаллиро номбар кардан метавон, ки ақаллан ҳафтавор мунтазам ба чоп расанд.
Таърихи пайдоиши рӯзномаҳои бисёртираж ба охири солҳои 20 садаи XX, ба давраи оғози саноатикунонии шӯравии собиқ рост меояд. Ин навъ рӯзномаҳо, ки нахуст бо мақсади тарғиби ғояи саноатикунонӣ дар корхонаҳои бузург пайдо шуданд, ҳамчун василаи муассири ҷомеаи коргарӣ ва минбари хубе дар баррасию натиҷагирии муассисоти илмию саноатӣ ва умури кишоварзӣ роҳ ёфтанд. Бо пайравӣ аз таҷрибаи минтақаҳои пешсафи шӯравӣ дар корхонаву муассисаҳои калонтарини Тоҷикистон низ чопи рӯзномаҳои бисёртираж ба роҳ монда шуд ва ин нашрияҳо дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун дастёру ҳамрози коргоҳу аҳли заҳмати он мунтазам ба табъ мерасиданд ва бархе аз онҳо берун аз муассисаи хеш низ шуҳрат доштанд («Бофанда» – Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе; «Қолинбоф» – Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум; «Минбари коргар» – Ф-каи кешбофӣ (трикотаж)-и Ӯротеппа; «Алюминий Таджикистана» – Корхонаи алюминийи Тоҷикистон; «Ба қуллаҳои дониш» – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва ғайра). Аз соли 2010 дар кишвар бархе аз рӯзномаҳои бисёртираж, ба монанди «Ба қуллаҳои дониш» (ДМТ), «Омӯзгори ҷавон» (ДДОТ) на танҳо бо афзоиш додани теъдоди чоп (аз 1 ҳазор нусхаи пешин то 8–10 ҳазор), балки инчунин фарохсозии доираи мавзӯъу масъалаҳои инъикосшаванда, дахолати боҷуръат ба баррасию таҳлили проблемаҳои соҳа, муносибати касбӣ ба газетаофарӣ аз қолиби маъмули «рӯзномаҳои бисёртиража» берун рафтаанд.
Рӯзнома пеш аз ҳама ҳомии қонунҳои ҷорӣ дар ҳар кишвар аст ва қонунмандии ҷомеаро эҳтирому тарғиб мекунад. Аз ин рӯ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳар нашрия расман дар мақомоти андоз ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шуда, дар чаҳорчӯби муайяни қонун, бо риояи принсипҳои роиҷи матбуот ба фаъолият шурӯъ мекунад. Қонуни матбуот асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар ВАО, кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
Муштариёни доимии ин ё он рӯзнома то солҳои 90 садаи XX бо мафҳуми «Аудиторияи ҳамагонӣ» ифода карда мешуданд. Аввалин омил ё аломати барҷастаи фарқкунандаи ин мафҳум интихобӣ гардидани рӯзномаҳо аз сӯйи хонанда ва ихтиёран харидорӣ шудани онҳост. Омили мазкур водор менамояд, ки рӯзномаҳо аз таъйиноти «рӯзномаи ҷамъиятию сиёсӣ» берун раванд ва бештар хусусияти фарҳангию тафреҳию фароғатӣ гирифта, нашри реклама ва маълумоти оммаписандро афзун кунанд. Аз ин назар муҳаққиқон дар баррасиҳои хеш хусусияти ВАО-и аввали садаи XXI-и Тоҷикистонро ба се навъ табақабандӣ кардаанд: фароғатию тиҷоратӣ (75%), иттилоотӣ (5%) ва сиёсӣ (20%). Чунин раванд аслан тақозои бозори иттилоотӣ буда, барои фурӯши маводди иттилоотӣ ва таҳкими бунёди молиявии рӯзномаҳо мусоидат менамояд, аммо аз ҷонибе барои ҷомеаи ба низоми нави сиёсӣ гузаранда ёвару ҳамдам наметавонад буд.
Майли сиёсатошноиро ҳамчун падидаи худшиносии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ки солҳои охир аз худ бештар хабар медиҳад, ба мавҷи навбатии рӯйи кор омадани рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии «Азия-плюс», «Имрӯз News», «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Ҷомеа», «СССР», «Пайк» (солҳои 2006–2012) метавон рабт дод. Ҳафтаномаҳои мазкур бо дахолати боҷуръатона ба инъикоси мушкилоти ҷомеа умуман, масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ аз ҷумла, афкори оммаро савқ бахшида, шуури сиёсиро такон дода, мардумро аз панҷараи андешаи «сиёсатқимобӣ» берун кашида, хусусияти ҷамъиятию сиёсӣ доштани рӯзномаҳоро собит мекунанд.
Шакли чопи рӯзномаҳо (формат) андоза ё меъёрҳои дар матбаа устуворгардида барои интишори матбуоти даврӣ мебошад. Дар таҷрибаи матбааҳои Тоҷикистон шаклҳои чопи А-2, А-3, А-4 маъмул аст. Ҳаҷми чопи рӯзномаҳо аломати матбуоти даврӣ аст, ки ба каму зиёд фаро гирифтани иттилоот (маълумот) дар рӯзномаи муайян ишора мекунад. Дар Тоҷикистон ҳоло рӯзномаҳо дар ҳаҷми 4 ё 8 саҳифа, бо андозаи А–2 («Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва ғайра), 16 саҳифа («Озодагон», «Нигоҳ» ва ғайра), 24, 32 саҳифа, бо андозаи А–4 («Омӯзгор», «Чархи гардун»), бо ороиши ранга («Тоҷикистон», «Ба қуллаҳои дониш») чоп мешаванд. Ҳаҷми чопие, ки ҳар рӯзнома эълом медорад, метавонад вобаста ба таърихи таърихие ё тақозои бозори реклама тағйир ёбад. Чунончи, рӯзномаи «Факты и комментарии»-и соли 2009 ба ифтихори яксолагиаш як шумораашро дар ҳаҷми 100 саҳифа интишор дода буд ва ё рӯзномаи «СССР», ки маъмулан аз 16 саҳифа иборат аст, моҳҳои охири соли 2011 ва ибтидои соли 2012 бо иловаи 7 саҳифаи реклама, 22-саҳифаӣ ба табъ расид. Аммо ҳаҷми маълумоти дарбаргирифтаи рӯзнома тозагӣ ва сифати иттилоотро ифода намекунад. Мас., ду рӯзномаи 16 саҳифаӣ – «Дайджест-пресс» ва «Озодагон» аз ин назар байни ҳам тафовути бузург доранд.
Рӯзномаҳо хушсифат ва оммавӣ мешаванд. Ин ду вижагии рӯзномаҳо зоҳиран тавъам намоянд ҳам, моҳиятан тафовути ҷиддии рӯзномаҳоро вобаста аз усулгароӣ ва собитқадамии онҳо дар самти иҷрои рисолати касбӣ бозгӯ менамоянд. Рӯзномаҳои хушсифат дар фаъолияти эҷодии худ интишори ақидаро муқаддам шумурда, бо такя ба факту далелҳои муътамад ба баррасии ботамкини рӯйдоду воқеаҳо даст зада, вазифаи савқ додани андеша ва ба вуҷуд овардани афкори хонандагонро иҷро менамоянд. Ин навъ нашрияҳо доираи маҳдудтар, аммо омӯзишдидаву интеллектуали ҷамъиятро фаро мегиранд. Рӯзномаҳои оммавӣ бидуни хатти машиӣ пойдор ва барои ҷомеаи хеш муфид, бо маводди сабуки саргармкунанда ва гоҳе ҳангомаҷӯёна доираи муштариёни дар ҷамъият начандон фаъолу соҳибмаълумотро мухотаб қарор медиҳанд ва маъмулан харидори зиёдтар доранд. Мас., рӯзномаҳои англисии «The Times» (бо тиражи қариб 370 ҳазор нусха), «News of the World» (бо тиражи беш аз 4,5 млн нусха) ва тоҷикии «Озодагон» (наздики 3100 нусха), «Оила» (30 ҳазор нусха).
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Саидов Ш. Инкишофи матбуоти Тоҷикистон. Д., 1967;
- Усмонов И. К., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. Д., 2008;
- Усмонов И. К. Журналистика. Ҷ. 4. Д., 2011;
- Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик/мураттиб Қодиров С. Д., 2012;
- Асрорӣ В. М. Печать советского Таджикистана//Многонациональная советская журналистика. М., 1972;
- Ленин В. И. О печати. 2 изд. М., 1974;
- Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Д., 1987;
- Самад В. Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал. Д., 1991;
- Шишкин Н. Э. Введение в теорию журналистики. (Учебно-методический комплекс). Тюмень, 2004;
- Корконосенко С. Г. Основы журналистики: Учебник для студентов вузов. 2-е изд., перераб. и доп. М., 2009.
Сарчашма
вироиш- Газета / Қ. Шарифзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Рӯзнома дар Викианбор |