Газлӣ (кони нафту газ)

Газлӣ — кони нафту газ дар Ҷумҳурии Узбакистон, дар 120 км шимолу ғарбтари шаҳри Бухоро.

Газлӣ
Кишвар

Ба минтақаи нафту газдори Ому тааллуқ дорад. Соли 1956 кашф гардида, коркардаш соли 1961 оғоз ёфтааст. Захираи ибтидоии нафт ‒ 5,3 млн т, газ — 476, 8 млрд м3, конденсат — 1,3 млн т. Кон дар канори шимолу шарқии синеклизи Ому воқеъ аст. Нафту гази кон ба қабатҳои поёнӣ ва болоии таҳшини бӯр дар умқи аз 330 то 930 м воқеъ мебошад. Гази он 95 % метан, 0,9-4,5 % нитроген, 0,1-0,4 % СО2 дорад. Зичии нафт — 795—820 кг/м3. Қисми зиёди кон коркард шудааст.

Сарчашма

вироиш