Гала́пагос[3][4] (Галапаго́с, Галаҷазираи Коло́н[3], Ҷазираҳои Сагпуштҳо, Галапаго́сҳо; исп. Islas Galápagos, аз исп. galápago — навҳои сангпушти обии калон [5], исп. Archipiélago de Colón) — гурӯҳи ҷазираҳои оташфишонӣ дар наздикиҳои хатти истивои уқёнуси Ором, қариб 1000 км ғарбтар аз Амрикои Ҷанубӣ.

Галапагос
исп. Islas Galápagos
Нигора
Номида ба шарафи C. niger[d]
Кишвар
Пойтахт Puerto Baquerizo Moreno[d]
Воҳиди марзию маъмурӣ Galápagos Province[d]
Минтақаи замонӣ UTC−06:00[d] ва Pacific/Galapagos[d][2]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси Ором
Баландтарин нуқта Volcán Wolf[d]
Аз аъзои Man and the Biosphere Programme[d]
Шумораи аҳолӣ
  • 25 000 тан (2010)
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1 707 м
Coextensive with Galápagos Province[d]
Таърихи кашф 10 март 1535
Навъи асари бостонӣ мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО
Масоҳат
  • 7 880 км²
Вебгоҳи расмӣ galapagospark.org
islasgalapagos.org
galapagos.today
Тасвири нақшаи мавқеият
Detail map
Ҷуғрофиё Q3123419?
Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО (vii)[d], (viii)[d], (ix)[d] ва (x)[d]
Aerial view
UNESCO Biosphere Reserve URL unesco.org/mabdb/br/brdi…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз 13 ҷазираи асосии вулканӣ, 6 ҷазираи хурд, 107 сахра ва минтақаҳои обовар иборат аст. Ҷазираҳои бузургтаринаш: Исабела (Албемарл), Фердинандина (Нарборо), Сан-Салвадор (Ҷеймс), Санта-Крус (Индефатигабл) ва Сан-Кристобал (Чатем). Масоҳати умумии он 7,8 ҳазор км². Аҳолиаш 26,1 ҳазор нафар (2013). Музофоти Эквадор. Маркази маъмуриаш — шаҳри Пуэрто-Бакерисо-Морено (ҷазираи Сан-Кристобал).

Дар Галапагос оташфишонҳои хомӯш ва амалкунанда (баландиашон то 1707 м) мавҷуданд. Иқлими ҷазираҳо тропикии хушк (бориши солона 100 мм ва камтар аз он). Ҳарорати миёнаи солона 23°С. Олами наботот ва ҳайвоноташ қутбӣ ва истивоӣ — лианаву ушна, парандаҳои тропикию моҳихӯракҳои арктикӣ, тӯтию пингвин ва тюленҳо бештар вомехӯранд. 89 намуд паранда дорад. Чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Г. моҳиҳои оби ширин ва дубаҳра мавҷуд нестанд, сангпуштҳои азимҷусса ва калтакалосҳо зиёданд. Киштзорҳои найшакар, қаҳва ва банан дорад. Соли 1835 ба галаҷазираҳо Чарлз Дарвин омада буд. Дар ҷазираи Санта-Крус пойгоҳи байналмилалии таҳқиқоти илмии ба номи Ч. Дарвин (1964) сохта шудааст. Соли 1959 Эквадорро боғи миллӣ эълон карда, соли 1978 онро ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил намуданд.

  1. http://www.unesco.org/mabdb/br/brdir/directory/biores.asp?code=ECU+01&mode=all
  2. https://data.iana.org/time-zones/tzdb-2021e/southamerica
  3. 3.0 3.1 Венесуэла, Колумбия, Гайана, Эквадор, Перу, Боливия, Западная Бразилия // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 178—179. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
  4. Галапагос // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  5. BBC: Галапагосы 2 серия(пайванди дастнорас — таърих). 9 Январ 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2013.

Сарчашма

вироиш