Галаҷазираи Бисмарк

Галаҷазираи Бисмарк (англ. Bismarck Archipelago) (пешина — Новая Британия) — як гурӯҳи ҷазираҳои Уқёнуси Ором.

Галаҷазираи Бисмарк
Нигора
Номида ба шарафи Отто фон Бисмарк
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ German New Guinea[d] ва Islands Region[d]
Минтақаи замонӣ UTC+10:00[d]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Bismarck Sea[d]
Мавқеият Уқёнуси Ором
Баландӣ аз сатҳи баҳр 2 300 м
Масоҳат
  • 49 700 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Қисми ҳудуди таҳти васояти СММ будаи Гвинеяи Нав. Аз ду ҷазираи калон (Британияи Нав ва Ирландияи Нав), ҷазираҳои Адмиралтейство ва якчанд ҷазираи хурд иборат аст. Масоҳаташ — 49 700 км². Аҳолӣ — 480 ҳазор нафар (2010), асосан маланезиҳову папуасҳо.

Ҷазираҳои бузургаш кӯҳсор (баландии ҷазираи Британияи Нав то 2300 м); ҷазираҳои хурдаш — вулканӣ ё марҷонӣ. Вулканҳои амалкунанда мавҷуданд. Бешаҳояш истивоии намнок. Дарахтони норҷил, банан мерӯянд; найшакар, тамоку ва пахта парвариш карда мешавад. Моҳидорӣ ва ҷамъоварии марворид ривоҷ ёфтааст. Маҳалҳои бузургтарини аҳолинишин ва бандарҳояш: Рабаул, Кавиенг, Лоренгау.

Таърих

вироиш

Галаҷазираи Бисмаркро соли 1916 ҳолландиҳо кашф кардаанд. Соли 1884 ба шарафи ходими давлатии Олмон Отто фон Бисмарк номида шудааст.

Сарчашма

вироиш