Гали́на Евге́невна Горо́хова (зод. 31 август 1938[1], Маскав[1]) — варзишгари рус (шамшербозӣ). Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1960), Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС (1992) ва Федератсияи Русия (1998).

Галина Горохова
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс зан
Кишвар
Тахассус шамшербозӣ[d]
Зодрӯз 31 август 1938(1938-08-31)[1] (86 сол)
Зодгоҳ
Қад 168 сантиметр
Вазн 59 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Корнома

вироиш

Чемпиони мусобиқаҳои дастаии Бозиҳои олимпӣ (1960, 1968, 1972). Чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон (1958—1971) ва ИҶШС (1960-70) дар мусобиқаҳои инфиродию дастӣ. Беҳтарин намояндаи варзиши Русия дар асри 20 эълом шудааст. Узви Комиҷроияи Федератсияи шамшербозии Русия ва узви Комиҷроияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии ғолибони олимпӣ, Президенти Иттиҳоди варзишгарони Русия.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Барои хидматҳо дар назди Ватан» (дараҷаи 4), ордени нуқраи олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Горохова Галина Евгеньевна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма

вироиш