Савелева Галина Дмитриевна (17 марти 1921, Лисково, Русия — 1999, Маскав) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1953), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1960).

Галина Савелева
Савелева Галина Дмитриевна
Таърихи таваллуд: 17 март 1921(1921-03-17)
Таърихи даргузашт: 1999(1999)
Касб: ҳунарпеша

Зиндагинома

вироиш

Соли 1945 Институти умумииттифоқии кинематографияи ш. Маскавро ба итмом расонда, муддате дар Театри хурди Маскав фаъолият доштааст. Солҳои 1949—1985 актрисаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский буд. Дар саҳнаи он беш аз сад нақш иҷро кардааст, симои қаҳрамононашро хуб мекушод, хоса образҳои лирикиро дар ғояти баланд меофарид. «Макр ва муҳаббат», «Моҳихӯрак», «Майити зинда», «Писари ман Володя», «Сафи ғайриоддӣ», «Мария Стюарт», «Орфей ба дӯзах меравад», «Табиби бузург», «Соли пурошӯб», «Саҳифаи ҳаёт», «Директор», «Меҳмонхонае дар чорраҳа», «Мазҳакаи кӯҳна», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Вохӯрӣ бо ҷавонӣ», «Миллион барои табассум», «Ҳукми ҷаҳолат», «Пул барои Мария» номгӯи нопурраи спектаклҳост, ки номрафта дар онҳо нақши марказӣ офаридааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон муко-фотонида шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.