Галина Стругач
Стругач Галина Павловна (4 ноябри 1930, Курск) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974).
Стругач Галина | |
Таърихи таваллуд: | 4 ноябр 1930 (94 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Тухникуми бадеии ш. Киев (1952). Чанде дар Театри драмаи ш. Курск фаъолият намуда, аз соли 1958 актрисаи Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ш. Чкаловск буд. Тӯли қариб се даҳсола ҳамчун актрисаи пешбари ҳамин театр дар спектаклҳо асосан нақшҳои марказиро иҷро карда, гуногунии характеру образҳо дар қаҳрамононаш ҳувайдо мегардид. «Нарасида», «Блина», «Писари калонӣ», «Баъди омадани корвон», «Истгоҳи охирин», «Зани дурӯғгӯи ман» «Гурги баҳрӣ» «Ба чашмат бовар макун», «Боғи зимистон», «Хоин», «Ҷавоҳироти Бразиля» номгӯи нопурраи намоишномаҳоанд, ки номбурда дар онҳо нақши асосӣ иҷро кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |