Галлуазит (аз номи геологи белгиягӣ О. Галлуя) — минерал аз гурӯҳи силикатҳои варақӣ. Таркиби кимиёиаш AL2Si2O5(OH)4. 34,7% AL2O3, 40, 8% SiO2, 24, 5% H2O дорад.

Галлуазит
Формула Al2Si2O5(OH)4
Физические свойства
Цвет Белый, желтоватый, красноватый, зеленоватый
Цвет черты Белая
Блеск Тусклый
Прозрачность Просвечивающий - непрозрачный
Твёрдость 2
Спайность Нет
Плотность 2,55 - 2,65 г/см³
Сингония Моноклинная (планаксиальная)

Аз рӯйи таркиб ба каолин монанд аст, вале аз он бо серобӣ фарқ мекунад. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ. Дар шакли агрегатҳои гилмонанди микрокристаллӣ дучор мешавад. Рангаш сафед бо тобишҳои хокистарӣ, зард, кабуд, қаҳвагӣ ва сурх; ҷилояш хира. Нишондоди шикасташ аз 1,547 то 1, 550. Сахтиаш 1–2; зичиаш 2000–2200 кг м3; мурт. Вазни хоссаш вобаста ба миқдори об 2,0–2,2. Галлуазит маҳсули фарсоиши сангҳои магмавӣ (габбро, диабазҳо, порфиритҳо) мебошад ва дар конҳои маъдани никел, мис, руҳ ба вуҷуд меояд. Дар ҷисмҳои қабатии маъданӣ ҳамроҳи минералҳои гурӯҳи худ ва алунит, диаспор, монтмориллонит вомехӯрад. Ҳамчунин, метавонад дар натиҷаи фарсоиши каолинит, аллофан ва алунит ба вуҷуд ояд. Галлуазит бештар вомехӯрад, вале тӯдаи калонро ташкил намедиҳад. Дар конҳои Алтенберг (Олмон), Марианска Гора (Чехия), Халиловское (Урал) ва дигар ҷойҳо дучор меояд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Костов И. Минералогия. М., 1971;
  • Годовиков А. А. Минералогия. М., 1975;

Сарчашма вироиш