Гамлин
Гамлин — навъи афлесун. Дарахташ қадпаст (3-3,5 м), сербарг.
Баргаш сабзи рӯшан. Мевааш лунда (вазнаш 150 г), норанҷӣ ё сурхи норанҷӣ. Пӯсташ хушбӯй, аз мағз нағз ҷудо мешавад. Мағзаш сершира, аз 10-13 пора иборат аст (4-5 тухм дорад). Дар шароити иқлими Тоҷикистон мевааш охири ноябр — аввали декабр мепазад. Як бех дарахташ то 650 адад самар меоварад. Меваашро нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мумкин аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2003.
Сарчашма
вироиш- Гамлин / С. Гулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.