Гамма-астрономия — фасли астрономия, ки объектҳо ва равандҳои кайҳониро аз рӯйи афканишоти электромагнитии дурушти ба онҳо хос — ғамма-тобиши энергияи фотонҳояш зиёда аз ~ 100 кэВ-ро (килоэлектронволт) меомӯзад.

Харитаи пулсарҳо, сохташуда бино ба додаҳои ғамма-расадхонаи Fermi

Чунин фотонҳо, маъмулан, ҳангоми таъсири му-тақобилаи зарраҳои энергияашон бузург, ҳосил мешаванд. Ба ғамма-астрономия солҳои 50 садаи XX асоси назариявӣ гузошта шудааст. Гамма-астрономия имкон дод, ки таҳқиқи ғамма-тобиши кайҳонӣ чун усули нодири дар минтақаҳои дурдасти кайҳон ошкор сохтани зарраҳои бузургэнергия (протонҳо, электронҳо ва ғайра) корбаст гардад. Раванд ва шартҳои пайдоиши ғамма-тобиш ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд: бақайдгирии ғамма-тобиш ба чандин мушкилот мувоҷеҳ аст, зеро атмосфераи Замин дар баландии 30-50 км фотонҳои ғамма-тобишро пароканда сохтаву фурӯ бурда, барои ба сатҳи Замин расидани онҳо монеъ мегардад.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Гамма-астрономия / О. Ф. Прилуцкий // Физика иктишофи: Little энсиклопедияи / Редкол.: Р. А. Сюняев (Гл. қб.) ва ғ. — 2-е изд. — М. : Советская энсиклопедияи, 1986. — С. 203-206. — 70 000 экз.Гамма-астрономия / О. Ф. Прилуцкий // Физика космоса: Маленькая энциклопедия / Редкол.: Р. А. Сюняев (Гл. ред.) и др. — 2-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1986. — С. 203—206. — 70 000 экз.