Гамма-табобат
Гамма-табобат, кюри-табобат — як тарзи шуоъшифоӣ, ки бо истифода аз ғаммаафканиши изотопҳои радиоактив (CO60, Cs137, Ra226, Ta182, Jr192 ва ғайра) сурат мегирад. Гамма-табобат бо мақсади хароб сохтан ё боздоштани рушди ҳуҷайраҳои омос истифода мешавад. Ҳангоми ғамма-табобат ба бофтаҳои солим зиён намерасад. Вобаста ба ҷойгоҳ, паҳншавӣ ва сохтори ҳистологии омос усулҳои тамосӣ ва фосилавии ғамма-табобатро кор мефармоянд. Ҳангоми ғамма-табобати тамосӣ мавод (препаратҳо)-и радиоактив ба бофтаҳо бевосита тамос доранд ё аз онҳо 1–2 см дуртар ҷой мегиранд.
Гамма-табобати тамосӣ се навъ мешавад: аппликатсиявӣ, дохилибофтаӣ ва дохилиҷавфӣ. Ҳангоми ғамма-табобати аппликатсиявӣ маводди радиоактивро аз рӯйи тартиби муайян дар аппликатор ҷой медиҳанд. Аппликаторро барои ҳар бемор алоҳида аз пластмасса ё ашёи дигар месозанд. Бо ин мақсад лавҳачаи ғафсиаш 1 см ба муддати 5–10 дақ. дар оби гарм (тақр. 40°С) нигоҳ дошта мешавад. Сипас онро аз об берун оварда мехушконанд ва ба мавзее, ки бояд бо шуоъ дармон шавад, тавре мегузоранд, ки билкулл қолиби онро гирад. Баъди шах шудани аппликатор ба он маводди радиоактивро устувор сохта, мавриди истифода қарор медиҳанд. Бо мақсади муҳофизат аз таъсири афканишот болои аппликатор бо сурби ғафсиаш 3–4 мм пӯшонида мешавад. Табобат ҳамарӯза 3–12 соат (7–12 рӯз) давом мекунад. Ин роҳи ғамма-табобатро барои муолиҷаи саратони пӯст, лаб, ангиома ва ғ. истифода мебаранд. Ҳангоми ғамма-табобати дохилибофтаӣ маводди радиоактив ба воситаи сӯзанҳои махсус бевосита ба омос фиристода мешаванд. Қабл аз истифода сӯзанро меҷӯшонанд. Ҷойи муолиҷа беҳис карда мешавад. Чунин усули ғамма-табобат барои муолиҷаи саратони пӯст, рӯй, лаб, пилк, забон, мақъад ва ғ. нафъ дорад. Ҳангоми ғамма-табобати дохилиҷавфӣ маводди радиоактивиро ба воситаи зонд, баллон ё аппликаторҳои резинӣ равона месозанд. Дуруст ҷойгир шудани мавод тариқи рентгенографӣ назорат карда мешавад. Онро бо мақсади табобати саратони сурхрӯда, гулӯ, гарданаву танаи бачадон, пешобдон ва рӯдаи рост истифода мекунанд. Гамма-табобати фосилавӣ ба воситаи ғамма-дастгоҳҳо сурат мегирад. Ҳангоми он манбаи афканишотро аз бофтаҳо 6–100 см дуртар нигоҳ медоранд. Асосан барои илоҷи омосҳои амиқ ҷойгирифта ба кор бурда мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Лучевая терапия в лечении рака: практическое руководство для врачей (тарҷ. аз англ.). М., 2000;
- Труфанов Г. Е., Асатурян М. А., Жаринов Г. М. Лучевая терапия. М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Гамма-табобат // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.