Гамма (воҳиди андозагирӣ)
Гамма — воҳиди ғайрисистемавии шадидияти майдони магнитӣ, ки бештар барои чен кардани магнетизми Замин ва майдонҳои магнитии кайҳонӣ истифода мебаранд. Бо ҳарфи ɤ ишора мекунанд. Гамма ҳиссаи садҳазоряки эрстед (воҳиди шадидияти майдони магнитӣ дар системаи воҳидҳои СГС (см,-грамм,-сония) мебошад: 1 Г. = 10–5 эрстед;
Гамма — воҳиди ғайрисистемавии масса, ки баъзан барои чен кардани массаҳои хурд истифода мешавад. 1 Г. = 10–6 г аст. Ба ҷойи истилоҳи гамма бештар истилоҳи «микрограмм» (мкг, mg)-ро ба кор мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гамма // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.