Гамсахурдия, Константин Симонович

Гамсахурдия Константин Симонович (гурҷӣ: კონსტანტინე სიმონის ძე გამსახურდია; (3 (15) майи 1891 — деҳаи Абаш, Кутаиси — 17 июли 1975, Тифлис) — нависанда ва муаррихи гурҷӣ. Академики АИ Гурҷистон (1944).

Гамсахурдия, Константин Симонович
гурҷӣ: კონსტანტინე გამსახურდია
Таърихи таваллуд: 3 (15) май 1891
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 июл 1975(1975-07-17)[1] (84 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, диплумот, нависанда
Жанр: румони таърихӣ[d]
Забони осор: гурҷӣ
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти ибтидоиро дар Кутаиси гирифта, сипас дар Донишгоҳи Петербург таҳсил намуд. Дере нагузашта таҳсилро қатъ карда, ба Олмон ҳиҷрат кард.

Фаъолияти илмию эҷодӣ

вироиш

Фаъолияти илмиву эҷодии Константин Гамсахурдия дар донишгоҳҳои Кённигсберг, Лейпсиг ва Мюнхен идома ёфт. Баъди хатми Донишгоҳи Берлин (1918) ба кори дипломатӣ машғул шуд. Асарҳояш аз соли 1914 чоп шудаанд, яке аз асосгузорони Гурӯҳи академии нависандагон буд (1924). Дар нимаи дуюми солҳои 20 садаи XX ба таъқиб дучор гардида, ҳабс ва бадарға шудааст. Константин Гамсахурдия дар зери таъсири ҷараёни декадентӣ романи «Лабханди Дионис»-ро (1925) навишт. Романҳои «Рабудани моҳ» (ҷ-ҳои 1-3, 1935—1936) ва «Гулбандии навдаҳо» (1956) ба ҳаёту зиндагии деҳқонон бахшида шудааст. Дар романҳои таърихии «Дасти рости ҳунарманди бузург» (1939), "Довуди Бинокор (ҷ-ҳои 1- 4, 1941—1962) мавзӯъ ва раванди худшиносии миллӣ тасвир ёфтааст. Константин Гамсахурдия муаллифи ҳикоя ва повестҳо ва мунаққиду муаллифи чандин мақолаҳои адабӣ мебошад. Дар асарҳои Константин Гамсахурдия тасвири расму ойин ва анъанаҳои миллии гурҷӣ возеҳу равшан ба назар мерасанд. Ӯ асарҳои «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, «Кулфати Вертери ҷавон»-и И. В. Гётеро ба забони гурҷӣ тарҷима кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Сигуа А. С. Миф и ложка: Структуа прозы К. Гамсахурдиа. Тбилиси, 1984;
  • Современная энциклопедия. М., 2000. Васильков Я. В., Сорокина М. Ю. Люди и судбы. Библ. словарь востоковедов — жертв политического террора в советский период (1917—1991). СПб., 2003.

Сарчашма

вироиш