Ганглиозидҳо, сиалогликолипидҳо — липидҳои сохторашон мураккаб, ки дар молекулаашон унсури карбогидрат доранд.

Ганглиозидҳо асосан дар сатҳи ҳуҷайраи бофтаи асаб ҷой гирифтаанд, вале онҳоро дар пардаи ҳуҷайраҳои эритротситҳо, ҷигар, сипурз ва ғ. низ пайдо кардан мумкин аст. Ганглиозидҳо дар рустаниҳо ва резандомгон ба мушоҳида нарасидаанд. Ганглиозидҳо ҳамчунин даррокҳои махсуси «шинохтан»-и баъзе заҳрҳо ва серотонин мебошанд. Дар ҳуҷайраҳо ганглиозидҳо дар дастгоҳи Голҷи ташаккул меёбанд. Дар сурати дар андомгон (организм) халал ёфтани мубодилаи ганглиозидҳо бемории ганглиозидоз пайдо мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш