Гандора

(Тағйири масир аз Гандҳара)

Гандора (ҳамчунин Гандара, Гҳандара, Чандаҳара, Гангҳар, санскр. पुरुषपुर или गंधार — Гҳандара ё Пурушопуро, пашту: ګندهارا‎) — вилояти таърихӣ, ки дар шимолу ғарбии Ҳиндустон ва Покистон ҷойгир буд.

Гандора
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 750 то м.
Таърихи пошхӯрӣ 535
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Яке аз марказҳои омезиши тамаддуни ориёӣ ва ведоӣ ба шумор мерафт. Сокинони қадими Гандора қабилаҳои гандҳарҳо буданд, ки дар Ригведа номашон ёд шудааст ва номи вилоят ҳам аз он ҷост. Дар Катибаи Бесутун, катибаҳои Доро дар Нақши Рустам ва Истахр бо номи Ганова зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои санскритӣ Гандора мулки мустақил ва марказаш шаҳри Таксила (Сиёлкути имрӯза) буд. Дар охири садаи VI Гандора ва Камбоҷа як сатрапияи мулкҳои ҳиндустонии Ҳахоманишиҳоро ташкил медоданд, ки аз шаҳри Таксила идора карда мешуд. Дар арафаи ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ дар Гандора якчанд шаҳрдавлати хурд вуҷуд дошт. Гандора соли 326 то м. аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ишғол гардид. Аз соли 305 то м. ба ҳайати давлати Маврия дохил шуда, дар Шоҳроҳи бузурги абрешим Ҳиндро бо сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Чин мепайваст. Дар давраи ҳукмронии Ашока (273—232 то м.) Гандора ба маркази таълимоти буддоӣ табдил ёфт. Дар солҳои 30 садаи II то м. сакоиҳои Осиёи Миёна зери таъқиби юҷиҳо ба шимолу ғарбии Ҳинд рафта, дар Гандора давлати Сакоиҳои Ҳиндро таъсис намуданд. Асосгузори давлати Сакоиҳои Ҳинд тибқи маъхазҳои юнонӣ Мауэс буд, ки дар ибтидои садаи I то м. ҳукмронӣ мекард. Маркази давлати Сакоиҳои Ҳинд дар Гандора шаҳри Таксила буд. Давлати Сакоиҳои Ҳинд дар давраи ҳукмронии Ази I ба авҷи тараққиёт расида, марзҳояш дар ғарб то Арахосия ва дар ҷануб то поёноби дарёи Ҳинд мерасид. Баъди таназзули давлати Сакоиҳои Ҳинд аз солҳои 20 асри 1 м дар Гандора яке аз шохаҳои хонадони Ашкониён давлати худро бо номи Гундуфариён ё Портиёни Ҳинд ташкил карданд. Асосгузори давлати Портиёни Ҳинд Гундуфар аз шохаи Ашкониёни Сакистон баромада буд. Дар давраи ҳукмронии Гундуфар ҳаворӣ Фома ба Гандора омада буд. Баъди вафоти Гундуфар далати Портиёни Ҳинд пароканда шуда, Гандора-ро бародарзодааш Абдагас идора мекард. Гандора дар асрҳои 1-3 дар ҳайати давлати Кушониён қарор дошт. Дар аҳди Кушониён роҳибон аз Гандора барои таблиғи таълимоти буддоӣ ба Чин рафтанд. Дар асрҳои 1-4 дар Гандора мактаби муҷассамасозии буддоӣ ташаккул ёфт, ки аз таъсири услуби эллинистӣ баҳра бардошта, яке аз марказҳои офариниши симои Буддо ба шумор мерафт. Дар аҳди Кушониён офариниши симои Буддо дар Гандора ба авҷи тараққиёт расида, ҳунармандони зиёде аз Ҳинд ва Осиёи Хурд барои муҷассамасозӣ даъват карда мешуданд. Дар охири садаи V Ҳайтолиён бо сарварии Тороман (ҳукмронӣ 490—515) Гандора-ро ишғол карданд. Ба қавли сайёҳи чинӣ Сун Юн дар замони ҳукмронии Миҳирақул (ҳукмронӣ 515—530) Гандора маркази мулкҳои ҳиндустонии Ҳайтолиён буд. Бар асари ҳуҷуми Ҳайтолиҳо қисми зиёди иморатҳо ва муҷассамаҳои буддоӣ дар Гандора хароб шуданд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи чинӣ Сюан Сзан зимни сафараш ба Ҳинд (629-45) сарҳадди Гандора аз шарқ ба ғарб 1000 ли (як ли баробари 500 м), аз ҷануб ба шимол 800 ли буда, сарҳаддаш дар шарқ ба ҳавзаи дарёи Синд мерасид. Маркази Гандора дар ибтидои садаи VII шаҳри Пурушапура буд. Ба қавли Сюан Сзан аз иморатҳои сохтаи Канишка дар Гандора харобаҳои як дайр, бинои дуошёна ва сохтмонҳои дигаре боқӣ монда буданд. Дар шимолу шарқии дайри Канишка шаҳри Пушкалавоти воқеъ буда, аҳолии бисёр дошт. Номи Гандора аз садаи VIII дар маъхазҳои таърихӣ ёд намешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Пугаченкова Гандора А. Искусство Гандхары. М., 1982;
  • Рыжов К. В. Все монархи мира: Древний Восток: Справочник. М., 2006;
  • Сюань-цзан. Записки о западных стран [эпохи] Великий Тан (Да Тан си йю цзи)/ Введ., пер. и коммент. Н. В. Александровой. М., 2012.

Сарчашма

вироиш