Ганҷбор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови ноҳияи Ваҳдат.

Деҳа
Ганҷбор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Раҷаб Исмоилов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1723 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷуғрофиё

вироиш

Аз Ганҷбор то маркази шаҳри Ваҳдат 8 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1723 нафар (2017). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҷаб Исмоилов сокини ҳамин деҳа буд.

Сарчашма

вироиш