Ганҷинаи Нишот
Унсури холии Викидода |
«Ганҷинаи Нишот» (форсӣ: گنجینه نشاط) — маҷмӯаи осори шоири эронӣ Нишоти Исфаҳонӣ.
Аз панҷ «дурҷ» (қисм) иборат аст. Дар дурҷи аввал дебочаҳо, хутбаҳо, вақфномаҳо ва аҳдномаҳои бо хатти ӯ иншошуда ҷой гирифтаанд. Дурҷи дуюм мадҳияҳо, қиболаҳо, қасидаҳо ва қитъаҳои шоирро дар бар гирифтааст. Дурҷи сеюм аз номаву фармонҳои Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797–1834) таркиб ёфтааст. Ба дурҷи чорум номаҳои ба шоҳу шоҳзодагон навиштаи Нишот дохил шудаанд. Дурҷи панҷум аз шеърҳои гуногун, навиштаҳои адабиву ҳикоятҳои пандуахлоқии Нишот иборат аст ва маснавию қасидаҳо, ғазалу таркиббандҳо, фарду рубоиёт ва ҳикоёту мақомотро дар бар мегирад. 3 нусхаи «Ганҷинаи Нишот» дар китобхонаи Шуъбаи санкт-петербургии Институти шарқшиносии АИ Русия маҳфуз аст. «Ганҷинаи Нишот» 3 маротиба (1819, 1864 ва 1959) дар Эрон чоп шудааст. Дар «Ганҷинаи Нишот» асосан ашъори лирикии Нишот, ки дар онҳо ангезишҳои олами ботинии инсон, эҳсосу андешаҳои маъшуқа, лаззати висолу ранҷи ҳиҷрон, хушиву нохушиҳои рӯзгор ва амсоли инҳо тараннум шудаанд, ҷолиби диққатанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷинаи Нишот / М. Муллоаҳмадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.