Ганҷинаи фолклори тоҷик

Ганҷинаи фолклори тоҷик, Фонди фолклори тоҷик (ФФТ) — бойгонии фолклори халқи тоҷик, ки соли 1958 дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Маводди Ганҷинаи фолклори тоҷик, асосан, ба забони тоҷикӣ буда, баъзе намунаҳо ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ганҷинаи фолклори тоҷик дар асоси маводди фолклории шуъбаи адабиёт, ки 320 саҳифаро ташкил мекард, созмон ёфт. Баъдан маводде, ки дар ихтиёри адибон ва дӯстдорони фолклор қарор дошт, ба он илова шуд. Матнҳои нисбатан қадимии Ганҷинаи фолклори тоҷик марбут ба солҳои 1923-28 мебошанд, ки аз ҷониби Абдулло ва Абдулаҳад Норматов, Шариф Асрор, Бурҳонов, Қурбоншоҳ ва Давлатшоҳ Ҷиёншоев, Нуриддин ва Хайриддин Қараев аз ноҳияҳои Кангурт, Балҷувон, Даштиҷум сабт шудаанд. Инчунин дар Ганҷинаи фолклори тоҷик маводди фолклорие, ки профессор А. Загуров солҳои 30 садаи XX дар зиндони шаҳри Қарағанда аз тоҷикони маҳбус навишта гирифтааст, дохил аст. Дар Ганҷинаи фолклори тоҷик маводди зиёде мавҷуд аст, ки онҳоро солҳои 30-40 садаи XX адибон, забоншиносон, адабиётшиносон ва мардумшиносон гирд овардаанд. Дар он солҳо як зумра адибон ва олимон ба монанди А. А. Семёнов, Ҳ. Карим, М. Турсунзода, Р. Ҷалил, С. Ҷавҳаризода, Л. Бузургзода, Ҷ. Икромӣ, Ҳ. Юсуфӣ, М. Миршакар, Я. Налский, Б. Ниёзмуҳаммадов ва дигарон намунаҳои зиёди асарҳои халқиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки то ба имрӯз дар Ганҷинаи фолклори тоҷик нигаҳдорӣ ва дар таҳқиқоти илмӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Л. Бузургзода солҳои 1934-37 аз деҳоти вилоятҳои Ленинобод (ҳоло Суғд), Кӯлоб ва Ғарм аз мардум саргузашт, нақлу ривоят, ҳикоят, суруд ва таронаҳоро ҷамъ овардааст, ки онҳо аз 200 саҳифаи дастнавис иборатанд. Шуъбаи фолклор ба усули аксбардории ҷараёни гирдоварии фолклор, сабти мусиқӣ ва баёни гӯяндагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз солҳои 1958-59 мутахассиси ин соҳа Э. А. Швартсро ба кор ҷалб намуд. Ӯ як коргоҳи муҷаҳҳази сабту рӯйнависи намунаҳои фолклорро ба вуҷуд овард, ки равиши маросимҳо ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳунари ровиёну гӯяндагони мумтози мардумиро дар маҳалҳо аксбардорӣ ва наворбардорӣ мекард. Бахши муҳимми он наворҳои овозӣ ва тасвирӣ мебошанд, ки то ҳол дар захираи сабти овозии шуъба нигоҳдорӣ мешудаанд. Корҳои гирдоварии маводди фолклорӣ дар солҳои баъдӣ беш аз пеш вусъат ёфта, миқдори сабтҳои хаттию овозии асарҳои фолклорӣ дар Ганҷинаи фолклори тоҷик тадриҷан меафзуд. Роҳи дигари афзудани маводди Ганҷинаи фолклори тоҷик ҳамкорӣ бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар буд, бо ёрии онҳо 25 ҳазор саҳифа мавод гирд оварда шуд. Эпоси «Гӯрғулӣ» аз шоҳкорҳои нодири мардумӣ буда, ҳоло дар Ганҷинаи фолклори тоҷик беш аз 124 достони он дар шаклҳои хаттию овозӣ маҳфузанд. Аз гӯрғулисароён навишта гирифтани достонҳои «Гӯрғулӣ» бо ду роҳ амалӣ шудааст. Мас., С. Фатҳуллоев ба ноҳияҳо рафта, аз Ҳ. Кабуд (сокини ноҳияи собиқ Октябр), Алиев Сайидалӣ (ноҳияи Данғара), Каримов Раҳим (ноҳияи Муъминобод) 100 ҳазор мисраи «Гӯрғулӣ»-ро навишта гирифта, ба Ганҷинаи фолклори тоҷик супорид. Роҳи дуввум, даъват кардани гӯрғулихонҳо ва аз онҳо навишта гирифтани достонҳояшон буд. Чунончи, достонҳои Одина Шакар, Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷаб ва Замиров Талбӣ дар институт навишта гирифта шудаанд. Дар солҳои 70-80 садаи XX аз минтақаҳои Тоҷикистон ва ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистон маводди зиёди фолклорӣ гирдоварӣ ва ба Ганҷинаи фолклори тоҷик супорида шуд. Тибқи маълумоти омории охирин (то соли 2012) маводди Ганҷинаи фолклори тоҷик 224 ҳазор саҳифаро ташкил медиҳад. Ин мавод асосан ба забони тоҷикӣ бо ҳуруфи лотинӣ, кириллӣ ва форсӣ буда, намунаҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва арабӣ низ ҳастанд. Асарҳои фонд бо аломатҳои ФФI, ФФII, ФФIII (Фонди фолклори тоҷик, тартиби рақам: I, II, III ва ғайра) ишора карда шудаанд, ки он то 12 қисмро дар бар мегирад. Давоми асарҳои фонд аз ФБI оғоз шуда, то ба ФБV расидааст. Бояд қайд намуд, ки ФФ, ФБ аломатҳои шартианд. Ҳар ҷилд (мас., ФФI) аз рақами тартибии аз 0001 шурӯъ шуда, бо рақами 9999 ба охир мерасад ва саҳифаҳои ҷилдҳои баъдӣ боз аз 0001 оғоз мешаванд. Яъне ҳар як қисми он аз 10000 саҳифа иборат аст. Баъди саҳифабандӣ, ба ҳар матн сигнатура ва шиноснома гузошта мешаванд, ки яке аз хусусиятҳои бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Аввал саҳифаро хонда, бояд маълум кард, ки дар он ҷо чанд матн мавҷуд аст. Мас., дар як саҳифа панҷ матни хурд аст. Пас, панҷ бор, аз 1 то 5, шумора ва панҷ сигнатура гузоштан зарур аст. Агар ин панҷ асар аз як жанр иборат бошанд, аз 1 то 5 шумора ва як сигнатура гузоштан кифоя аст. Ба ҳамин тарзи кор ҳар як матн ба таври мушаххас соҳиби шиноснома шудааст. Пас аз он ки ҳамаи маводди Ганҷинаи фолклори тоҷик саҳифабандӣ шуда, дорои шиноснома гаштанд, масъалаи сохтани феҳрист (каталог)-и жанрҳо ба миён омад. Ин усули кор имкон дод, ки теъдоди асарҳои халқие, ки ба тарзи омехта дар дафтарҳои зиёд сабт шудаанд, ба таври дақиқ муайян карда шаванд. Аз рӯйи ин ҳисоб, ҳоло дар Ганҷинаи фолклори тоҷик 20400 адад матни зарбулмасалу мақол, 8100 чистон, 29340 рубоӣ, 29600 байт, 18510 тарона, 13440 суруд, 6230 афсона, 3900 латифа, 124 достони эпоси «Гӯрғулӣ» маҳфуз аст. Дар солҳои 2007-08 кормандони институт ба 12 экспедитсияи фолклорӣ ба навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ баромада, маводро дар шакли овозӣ ва тасвирӣ сабт намуданд. То имрӯз (даҳсолаи дувуми садаи XXI) дар Ганҷинаи фолклори тоҷик тақр. 200 сабти видеоии достонҳои «Гӯрғулӣ», суруду мусиқиҳо, маросимҳои мардумӣ, мавзеъҳои таърихӣ, касбу ҳунарҳои суннатӣ ва ғайра; беш аз 1700 соат сабтҳои овозии матнҳои фолклорӣ, суруду мусиқиҳои суннатӣ, мусоҳибаҳо, адабиёти шифоҳӣ ва монанди инҳо; тақр. 7000 адад акси чопӣ ва рақамии гӯяндагони матнҳои фолклорӣ, мавзеъҳои таърихӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, тарзи зисти мардум, манзараҳои табиати ноҳияҳо ва ғ. нигаҳдорӣ мешаванд. Мудири Ганҷинаи фолклори тоҷик нахуст фолклоршинос С. Норматов, баъдан М. Холов, Қ. Ҳисомов ва Н. Шакармамадов буданд. Аз соли 1965 то соли 2012 Ф. Муродов мудирии фондро бар уҳда дошт. Бо саъю талоши ӯ Ганҷинаи фолклори тоҷик дар солҳои 1990-ум, дар замони бесуботӣ бидуни осеб маҳфуз монд. Аз соли 2012 мудири Ганҷинаи фолклори тоҷик С. Фатҳуллоев мебошад.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Ганҷинаи фолклори тоҷик/ Мураттибон: Аҳмадов Р., Муродов Ф., Обидов Д., Умарова Ш. Д., 2008;
  • Аҳмадов Р., Фолклор // Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ. Д., 2004;
  • Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Д., 2009.

СарчашмаВироиш

  • Ганҷинаи фолклори тоҷик / Д. Раҳимов, Ф. Муродов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.