Ганҷина (дастаи ҳунарӣ)
«Ганҷина» — ҳайати эҷодӣ, дастаи ҳунарии фолклориву этнографӣ, ки бо ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳайаташ аз 75 нафар иборат буд.
Барномаҳо
вироиш«Ганҷина» се барномаи фолклорӣ фароҳам овардааст, ки шомили сурудҳои гуногун ва барномаи махсуси «Бозори шарқӣ» мебошад. Ҳадафи «Ганҷина» омӯхтану эҳё намудан ва ривоҷу густариш додани сарвати ҳунарии мардуми тоҷик мебошад. Таронаҳои «Қошуқтарош», «Ҳай, Сокина», «Кадудона», «Бозубанд», «Хамида мӯи сиёҳ», сюитаи дуқисмаи «Чорзарб»-и А. Ҷӯраев ва «Чорзарб»-и «Ганҷина», сюитаи кӯлобии «Фалак» ва лапарҳои «Меҳмони ман шав», «Ман доғ, майдаё», «Аз Қаратоғ омадем», «Масти мастуме», «Алла»-и помирӣ, силсилаи сурудҳои «Мавригӣ» аз беҳтарин намунаҳои ҳунари мардумии воҳаҳои Бадахшону Зарафшон, Хуҷанду Ҳисор, Кӯлобу Ғарм, Бухорову Самарқанд мебошанд, ки ҳунарпешагони «Ганҷина» аз нав эҳё намуда, ба мардум пешкаш кардаанд.
Дар тарҳрезӣ ва таҳияи рақсу таронаҳои «Ганҷина» М. Насриддинов, Чилахон Холов, З. Ризоева, С. Саидов, Ҳ. Муъминова (сарояндагон), Р. Қурбониён (коргардон), Н. Додарбеков, Х. Тағоев, Ҳ. Ғафуров (роҳбарони мусиқӣ), Б. Мардонов, Г. Мирҷумъаева, А. Мусоев (роҳбарони гурӯҳи рақсӣ), раққосаҳо Д. Мазорова, Ф. Ҷӯраева ва Ф. Пирназарова саҳми шоиста гузоштаанд. «Ганҷина» ба Ироқ, Ҳолландия, Фаронса, Русия, Молдова, Лаҳистон ва Ҳиндустон сафарҳои ҳунарӣ карда, санъати баланди миллии тоҷиконро муаррифӣ намудааст. Ҳоло дар ҳайати «Ганҷина» 34 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Роҳбарони пешин
вироишДастаро то соли 1993 Зафар Нозимов, баъдан Чилахон Холов (1994—2003), Раҳматуллоҳ Ҳошимов (2004—2009), Ҷумъахон Сафаров (2009—2010), Убайдуллоҳи Каромат (2010—2012) роҳбарӣ карда, дар ҷалби ҳунарварони хушсалиқа ва муваффақиятҳои эҷодии «Ганҷина» саҳми арзанда гузоштаанд. Роҳбарӣ бадеии «Ганҷина» М. Ғаниев мебошад (аз сентябри 2012).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷина / М. Ғаниев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.