Ганҷина (деҳа, н. Ваҳдат)
Ганҷина (собиқ Меҳнатобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви ноҳияи Ваҳдат. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ (кооперативи истеҳсолӣ)-и ба номи Ҳоким Азим ҷойгир аст. Аз Ганҷина то маркази шаҳр 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1437 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ваҳдат |
Ҷамоат | Деҳоти Абдулло Абдулвосиев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1437 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Иқтисод
вироишГанҷина мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, майдончаи варзиш, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон ва наҳри Баҳористон обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои маъруф
вироишНависанда Шералӣ Мусо дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷина // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5