Ганҷи бодовард
«Ганҷи бодовард» (форсӣ: گنج بادآورد), ганҷбод, ганҷи бод, ганҷи бодовар, ганҷи шойгон:
- Ганҷи дуюм аз ганҷҳои ҳафтгонаи Хусрави Парвиз. Ваҷҳи тасмияаш ин аст, ки Қайсари Рум аз хавфи Хусрави Парвиз чанд киштӣ аз зари сурх пур карда ба ҷазирае мефиристад. Вале боди мухолиф он киштиҳоро ба сӯйи мулки Парвиз овард. Парвиз он молро гирифт ва онро «Ганҷи бодовард» ном ниҳоданд.
- Номи тарона ва оҳанги мавсимиву маросимии бостонии тоҷикон.
- Тарона ва оҳанги силсилавии мавсимию маросимӣ, ки Борбади Марвазӣ барои ҷашни шоҳаншоҳи сосонӣ — Хусрави Парвиз, ба ифтихори пирӯзиаш бар румиён, тасниф намудааст. Дар манобеи хаттии замони Сосониён («Фарҳанги паҳлавик» — «Frahang-1 pahlavik», «Хусрав ва ридак» — Daruk-xvarsandih) бо номи суруди ҷашнӣ ба шакли «Ganjvih», «Ganjvadih») омада, дар маъхазҳои баъдии адабию мусиқӣ низ ҳамчун маҷмӯаи таснифоти мавсимию маросимӣ қаламдод шудааст. Аз ҷумла, мусиқидон Ибни Зайла (фавт 1048) дар «Китобу-л-кофӣ ал-мусиқӣ» «Ганҷи бодовард»-ро ба унвони таронаҳои устодонаи мусиқӣ ва аз ихтирооти Борбад хотирнишон кардааст.
- Номи гӯша ва лаҳни махсус дар таркиби дастон (парда, мақом)-и «Зерафкан»-и «Дувоздаҳмақом». Ин оҳанг то асрҳои 12-13 дар мусиқии тоҷикон (эрониён) маъмул будааст.
- Номи наво ва лаҳни шонздаҳум аз сӣ лаҳни Борбад, ки онро ба ифтихори ба дасти Хусрави Парвиз расидани ганҷи шойгон эҷод кардааст. Он оҳанг, суруди дуюми силсилаи сурудҳои «Хусравонӣ»-и Борбад мебошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин мефармояд:
Навосозе, ки будаш Борбад ном,
Навое сохт, онро ангубин ном.
Ниҳод аз захма чун барзад тамомаш,
Навои «Ганҷи бодовард» номаш.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Борбаднома. Д., 1989;
- Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
- . ابومنصور ابن طاهر ابن زیله. کتاب الکافی الموسیقی. بغداد، ١۹۶۴؛
- ابن خوردادبه. کتاب اللهو و الملا هی. بیروت، ١۹٥٧؛
- محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١٣۴۶ هـ. ش؛
- نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١٣٧۶هـ. ش.؛
- مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1. تهران، ١٣۸١ هـ. ش.ر
Сарчашма
вироиш- Ганҷи бодовард / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |