Ганҷи парешон
«Ганҷи парешон» — маҷмӯаи тазкирамонандест, ки дар он оид ба 63 нафар шоири доираҳои адабии Дарвоз (31 нафар), Қаротегин (9 нафар), Кӯлоб (22 нафар) маълумоти шарҳиҳолӣ дода шуда, намунаҳои эҷодиёташон дарҷ гардидааст (нашр — Д., 1984). Мураттиб доктори илмҳои филология А. Абибов.
Шоироне, ки дар бораашон маълумот фароҳам оварда шудааст, дар охири садаи XVIII, садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар минтақаҳои номбурда зиндагӣ ва эҷод кардаанд. «Ганҷи парешон» аз муқаддима ва се қисм иборат аст. Дар «Муқаддима» мураттиб оид ба зарурати тадвини маҷмӯа изҳори назар намудааст. Масъалаи омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирони минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон соли 1940 дар мақолаи шоир ва донишманди тоҷик А. Деҳотӣ «Шоирони кӯҳистонӣ» таъкид гардида буд. Аксари шоирони ин минтақаҳо берун аз доираи адабии марказии Аморати Бухоро, дар дарбори ҳокимони маҳаллии минтақаҳо ва ё берун аз он дар маҳаллаҳову деҳаҳои ҷойи зисти хеш зиндагиву эҷод мекарданд. Ба сабаби он, ки на ҳамаи онҳо имкони таҳсил дар мадрасаҳои марказӣ доштанд, номашон дар тазкираҳои муътабари дар асрҳои 19 — ибтидои садаи XX тартибдодашуда, сабт нагардидааст. Мураттиб шарҳи ҳоли ин қабил шоиронро аз рӯйи ашъори боқимондаи онҳо дар баёзу ҷунгҳо, аз рӯйи нақлу ривоятҳои мардум, хешону ақрабои онҳо, барқарор намудааст. 12 нафар шоире, ки дар бораашон маълумот дарҷ гардидааст — Ноҷӣ, Ғармӣ, Ҳаҷрӣ, Ҳабо, Мавлавӣ, Ҳаҷрӣ, Ранҷӣ, Ғабро, Маъдум, Бухорӣ, Фитрат, Носеҳ, Ҳоҷӣ ва Абдулҳай соҳибдевонанд.
Маълумоти шарҳиҳолии овардаи мураттиб таҳқиқию таҳлилӣ аст. Аз эҷодиёти шоироне, ки соҳибдевонанд, намунаҳои ашъор кам, вале аз онҳое, ки девон надоранд, намунаҳо бештар сабт гардидаанд. Дар ҷобаҷогузории шоирон дар «Ганҷи парешон» тартиби алифбо риоя нашудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абибов А. Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ. Д., 1984.
Сарчашма
вироиш- Ганҷи парешон / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.