Ганҷрустоқ — минтақаи таърихӣ дар байни Бодғис ва Марврӯд.

Дар осори ҷуғрофиёнависони мусулмон дар шакли арабишуда — Ганҷрустоқ зикр шудааст. Ба қавли ибни Руста, масофаи байни Ганҷрустоқ то Ҳирот 31 фарсах буда, дорои чор русто ва ободиҳои сарсабз буд. Ҷуғрофинависон қасабаҳои Ганҷрустоқро бо номи Бабан (Баван), Бағшур ва Кайф зикр кардаанд, вале қиёси маҳалли ҷойгиршавии онҳо бо харобаҳои имрӯза имконнопазир аст, зеро пас аз ҳамлаи муғул ин номҳои ҷуғрофиёӣ дигар ёд нашудаанд. Баван нисбат ба дигар рустоҳои Ганҷрустоқ пурҷамъияттар, маркази ҳокимнишин буд. Оби Ганҷрустоқ аз ҷӯйбор буда, кишоварзӣ равнақ дошт. Токпарварӣ соҳаи асосии он буд. Донишмандон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Башари Баванӣ ва Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алии Ҳиравии Бабанӣ аз Ганҷрустоқ баромада буданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • اصطخری. مسالکوممالک. بکوششایرجافشار. تهران،۱۳۴٠ش.؛
  • حدودالعالم. باحواشى وتعليقات مينورسكى. كابل، ۱۳۴۲ش.؛
  • حمداللهمستوفی. نزهةالقلوب. تصحیحلسترنج. تهران،۱۳۶۲ش.؛
  • لسترنج. جغرافیایتاریخیسرزمینهایخلافتشرقی.ترجمةمحمودعرفان. تهران،۱۳۷۳ش.؛
  • ابنرسته. الاعلاقالنفیسة. ترجمهحسینقرهچانلو. تهران،۱۳۸٠ش.ر

Сарчашма вироиш