Ганҷур
Вебгоҳи (вебсайти) Ганҷур (ба Форсӣ:گنجور) маҷмӯъае бархат (online) аз ашъори шоирони порсӣгӯйаст. Дар ин вебгоҳ метавон барасоси шоир ё шеър ҷустуҷӯ кард. Ин вебгоҳ ашъори худро озоду ройгон мунташир мекунад ва ба сӯрати ғайриинтифоъӣ (носудбар) ва бо кумакҳои мардумӣ мудӣрият мешавад. Манобеи мавриди истифода Барои рӯнависии ашъор низ аз манобеи озод (бидуни Copyright) ва дар дастраси ҳамагон ҳастанд.
Таърихча
вироишИн вебгоҳ дар ибтидо ба унвони зермаҷмӯъае аз вебгоҳи шахсии тарроҳаш вуҷӯд дошт. Номи аввалияи он «Ганҷи адаб»у шомили Девони Комили Ҳофиз, Рубоиёти Хайём, Шоҳномаи Фирдавсӣу Маснавии Мавлавӣ буд. Барои ворид кардани ашъор ба он аз нармафзоре ба номи «Дурҷ» истифода мешуд. Нармафзори Дурҷ, таҳти қонӯни ҳимоят аз муаллифон (copyright) буд ва барои ҳамин имкони истифодаи озод аз он вуҷӯд надошт. Барои ҳали ин мушкил аз маҷмӯъаи озоду матнбози (opensource) «Рийро» барои нусхаи (version) аввалияи Ганҷур истифода шуд. Пас аз интиқоли маҷмӯъаи ашъор «Рийро» ба доманаи (Domain) Ganjoor.net, ин вебгоҳ шурӯ ба густариш кард.
Ин маҷмӯъа дар ибтидо ба кумаки нармафзори мудӣрияти муҳтавои (CMS) Wordpress роҳандозӣ шуда буд, аммо аз соли 1400и хуршедӣ (2021-2022) ба баъд, ба пуштвонаи нармафзоир ихтисосии бозматни (opensource) худ кор мекунад. [1]
Маҷмӯъаи «Рийро» худ шомили анбӯҳӣ аз ашъори Форсӣ буд ва ин корро барои ташкили Ганҷур осон кард. Барои густариши Ганҷур, мудӣрони он аз нармафзори OCR (Optical character recognition, Нависахони нурӣ) истифода карданд.[2] [3] Дар ин систем, ҳар байти шеър ба василаи Scanner (пӯйишгар) искан шудау тасвири он дар вебгоҳ қарор мегирад. Сипас умуми форсӣзабонон бо вуруд ба вебгоҳ, матниро ки мебинанд, ворид (type) мекунанд. Барои ҳар байти шеър, ҳаддиақал се марҳала аз ин кор анҷом мешавад то хато дар кор ба ҳаддиақал бирасад. [4]
Имконот
вироишСайти ганҷури имконоти зерро барои корбаронаш фароҳам овардааст:
- Ҷустуҷӯ барасоси шоир, шеър, девону вазн ба нишонии: https://ganjoor.net/vazn/
- Шунидани иҷрои савтӣ ҳар шеър ҳамгом бо дидани матн ки ҳамчунон дар ҳоли такмиласт.
- Имкони ҷустуҷӯии калимоти мушкил аз тариқи луғатномаи Диҳхудо ба сӯрати бархат (online)
- Имкони руяти як байти тасодуфӣ
- Имкони қарор додани шеърҳо дар соири вебсайтҳо ба василаи коди JavaScript
Нармафзори Ганҷури рӯимизӣ (Desktop)
вироишДар тозатарин нусхаи ин нармафзор ки бо муҷаввизи GPL (GNU General Public License, Парвонаи ҷомеъи ҳамагонии GNU) мунташир мешавад, имкони мушоҳидаи осори беш аз ҳафтод шоири порсигӯ ба сӯрати ройгону бурунхат (offline) вуҷӯд дорад. Дар навиштани ин нармафзор аз забони барномасозии C# Ва қобилиятҳои .NET (нусхаи (version) 3) истифода шудааст. Пойгоҳи додаи (Database) захираи ашъор SQLite аст. Матнбоз (opensource) бӯдани ин нармафзор, имкони тарроҳии нармафзорҳои мушобеҳро фароҳам кардааст. Версияи рӯимизӣ (Desktop) дар ҳоли ҳозир фақат дар Windows кор мекунад. Барои Linux ва MacOS метавон аз нармафзори Соғар ва барои Android метавонед аз нармафзори Дарёи Сохон истифода кард. Версияи web дар ҳамаи системаҳои оператсионӣ (Operating Systems) дар дастрас аст.