Ганҷ (корхонаи шир)
«Ганҷ» — ҷамъияти масъулияташ маҳдуд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон.
Корхона дар пойгоҳи истеҳсолии Маркази ширқабулкунии ноҳияи Панҷ моҳи сентябри 2002 таъсис ёфтааст. Маркази ширқабулкунӣ солҳои 70 садаи XX ташкил ёфта, ба қабул ва коркарди аввалияи шир аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва интиқоли он ба Корхонаи шири шаҳри Қӯрғонтеппа машғул буд. Аз ибтидои солҳои 90-ум корхона аз фаъолият бозмонд. Баъд аз хусусӣ гардонидани корхона аз тарафи соҳибкорони ноҳия таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ворид ва фаъолияти истеҳсолии корхона барқарор карда шуд. Ганҷ аз ду коргоҳ – коргоҳи қабул ва коркарди шир ва коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ (Кола, Афлесун, Буратино ва Олуча) иборат аст. Корхона анвои васеи маҳсулоти ширӣ: сметанаи 22%-ӣ, кефири 0,5%-и, кефири мева, панири ҳолландӣ ва панир (бринза) истеҳсол менамояд. Дар корхона коргоҳи маҳсулоти қаннодӣ ташкил ёфта, ба истеҳсоли рулети бисквитӣ оғоз намудааст. Маҳсулоти корхона ба аҳолии ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолуддини Румӣ, ш.-ҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе дастрас карда мешавад. Соли 2014, дар корхона 10 нафар коргар, муҳандис ва хидматчӣ машғули кор буданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.