Ганҷ (нашрия)
«Ганҷ» — нашрияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
|
Аз 1 майи 1967 то шумораи 367 бо номи «Геолог» ба забони русӣ нашр шудааст. Баъд чопи он қатъ гардид. Аз аввали соли 2009 бо номи «Ганҷ » ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ моҳе як бор чоп мешавад. Дар саҳифаҳои «Ганҷ » қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбутанд, мақолаҳо оид ба корҳои заминсозӣ дар Тоҷикистон, усулҳои нави корбарӣ ва таҷрибаи пешқадами корхонаҳои тобеи Саридораи геология ва дигар маводди марбут ба соҳаи геология ба табъ мерасанд. Адади нашраш 1000 нусха (2014).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.