Гаплоид
Ҳаплоид (аз юн. haplois — якка), (русӣ: плоидность) — организмеро гӯянд, ки дар ҳуҷайраҳои соматиаш дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ (якка) дорад. Ин хромосомаҳо нисфи дастаи хромосомаҳои диплоидӣ (ё моноплоид) ё полиплоидии (полигаплоид) ҷинси модариро ташкил медиҳад. Аввалҳо Гаплоид гуфта фақат фардҳои дастаи хромосомаҳояшон якхеларо меномиданд. Чунин Гаплоидҳоро айни замон моногаплоидҳо ё моноплоидҳо меноманд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Иборат аз 2 ҷилд). — Душанбе,1989. — Ҷ.1. — с. 192.
Сарчашма
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |