Гарда
Гарда, гардзанӣ (англ. Powdery mildew) — навъи касалии маъмули рустаниҳо.
Ангезандаҳо
вироишАнгезандааш занбӯруғҳои халтадор (аз оилаи Erysiphaceae) мебошанд. Ба гарда харбуза, тарбуз, каду, бодиринг, себ, нок, помидор, садбарг, пахта, зироати хӯшадор, лаблабуи қанд ва ришқа гирифтор мешаванд. Ангезандаи гардаи шафтолу ва садбарг Sphaerotheca pannosa, зироати полизӣ ва бодиринг Srysiphe cichoriacearum Dc. f. sp. cucurbitacearum, хӯшадорҳо Erusiphaceae graminis Dc., лаблабуи қанд ва ришқа E. communis, пахта Leveillula malvaceаrum Golov. f. qossypii мебошанд.
Нишонаҳои зоҳирӣ
вироишҲангоми падид омадани аломатҳои касалӣ узвҳои рустаниро қабати тунуки сафедтоб мепӯшад. Қабати сафед бӯртоб гардида, дар он нуқтаҳои сиёҳ пайдо мешаванд. Баргу навдаи касал камқувват гашта мехушкад, рушди шоху навдаҳои наврас суст мегардад. Аз гарда самари дарахтон зарар мебинад. Меваи касал мекафад ва мепӯсад. Ангезандаҳои гарда дар қисмати берунии рустанӣ зиндагӣ мекунанд. Митселий (тана)-и онҳо тавассути гаустория (узви ҷаббиш) моддаҳои ғизоии ҳуҷайраи пӯсти рустаниро ҷаббида мегирад. Занбӯруғҳои гарда дар тӯли тобистон бо спора (конидия)-ҳо афзоиш мекунанд. Конидияҳо ба воситаи шамол паҳн шуда, ба рустаниҳои солим сироят менамоянд. Дар охирҳои давраи нашв, ҳангоми хазонрез клейстокарпийҳо рушд меёбанд. Онҳо 4-8, баъзан 22 халтача доранд. Дар халтача 2-8-тоӣ спораи якҳуҷайраи зард ё беранг мавҷуд аст. Дар мавриди кӯтоҳ будани давраи нашв ё дер сар шудани касалӣ клейстокарпийҳо нумӯ намекунанд. Занбӯруғҳои гарда зимистонро дар шакли клейстокарпий ва занбӯруғреша мегузаронанд. Клейстокарпий дар барг, навда ва муғҷаи касал ҷой мегирад. Баҳорон, баъди гарм шудани ҳаво ва афзудани намӣ, пардаи он варам карда мекафад ва спораҳояш пош мехӯранд. Ҳамин тавр, онҳо ба рустаниҳои солим сироят мекунанд. Занбӯруғреша зимистонро дар қабати пӯстлох, байни пулакчаҳои муғча ва дигар ҷойҳо мегузаронад. Баҳорон аз он торҳои нафиси беранг рӯида, ба конидияҳо табдил меёбанд.
Тадбирҳои мубориза
вироишБо мақсади мубориза бо гарда буридани навдаҳои касал, дар охири тирамоҳ ҷамъ карда сӯзондани боқимондаи рустаниҳо, шудгори дурусти замин муҳим аст. Ба шафтолу пошидани сулфури коллоидӣ ё карадан натиҷаи хуб медиҳад. Ба садбаргзор хокаи сулфур (баъди ҳар 10-15 рӯз), содаи ҷомашӯйӣ (ба 12 л об 48 г сода ва 40 г собун) ё маҳлули собуни сабз (ба 12 л об 400 г собуни сабз ва 5 г даҳани фаранг) пошидан тавсия мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедия по биологии. — Аванта+, 1996.
- Головин П. Н. Мучнисторосяные грибы, паразитирующие на культурных и полезных растениях. — М.—Л., 1960.
Сарчашма
вироиш- Гарда / Н. Қаҳҳоров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |