Гардбарга (лот. stamen) — қисми гул, узви ҷинсии наринаи рустаниҳои гулдор.

Гардбаргаи амариллис (Amaryllis sp.)

Дар гардбарга гард ҳосил мешавад. Гардбарга аз ришта ва гарддон иборат аст. Ришта ҳамтои микроспорофилли плаунашаклон ва лучтухмҳо мебошад. Баъди давраи мейоз дар ҳар чаҳор лонаи гарддон аз ҳуҷайраҳои археспорий микроспораҳо падид меоянд. Баъдан онҳо ба гаметофити нарина — зарраҳои гард табдил меёбанд. Дар як гул (мас., дар баъзе намуди кактусҳо) мумкин аз як то ҳазорҳо адад гардбарга мавҷуд бошад. Маҷмӯи гардбарга-и гулро андротсей меноманд.

Маъмулан, гардбаргаҳо дар гулбанд ба таври морпеч ё доирашакл ҷой мегиранд. гардбарга метавонад пурра ё қисман васл гардад. Дар кадугулҳо гардбарга комилан, дар мураккабгулҳо бо гарддон, дар ғилофакдорон бо риштаҳо васл шудаанд. гардбарга барои гардолуд шудани рустаниҳо муҳим аст.

Адабиёт

вироиш