Гардгирак (лот. stygma) — узви рустанӣ, ки барои қабули гард ҳангоми гардолудшавӣ хидмат мекунад.

Намудори гардгирак

Гардгирак маъмулан дар нӯги кулола ё стилодий ташаккул меёбад. Дар сурати набудани кулола ё стилодий бевосита дар ғӯра пайдо мешавад. Гардгирак шаклҳои гуногун дошта, рӯяш бо пистонак ё мӯякҳо, ки гардро нигоҳ медоранд, пӯшида шудааст.

Сарчашма

вироиш