Гардез
Гарде́з (пашту: ګردېز, дарӣ: گردیز Gardēz) — шаҳр дар Афғонистон (дар ҷануби Кобул). Маркази маъмурии вилояти Пактиё.
Маҳалли аҳолинишин | |
пашту: ګردېز | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 2 300 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+04:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар воҳаи Гардез, дар сари роҳҳои автомобилгард (ба сӯйи Кобул, Ғазнӣ, Покистон) ва корвонгузар байни кӯҳҳои Сулаймон ва Ҳазораҷот воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 75000 нафар (2013). Дар баландии 1000 м аз с. б. ҷойгир аст. Солҳои 1980-87 дар Гардез пойгоҳи калони низомии Иттиҳоди Шӯравӣ (артиши 40-ум) ҷойгир шуда, ҳангоми амалиётҳои ҳарбӣ дар шоҳроҳи стратегии Гардез — Хост (Матун) нақши муҳим дошт. Соҳаҳои асоси хоҷагӣ: чорводорӣ (бузу гӯсфандпарварӣ), сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳояш аз дарёи. Гардез обёрӣ мешаванд.
Гардез зодгоҳи муаррихи садаи XI Гардезӣ мебошад. Дар Гардез собиқ президенти Афғонистон Муҳаммад Наҷибулло таваллуд ва дафн шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- بصیراحمددولتآبادی. شناسنامۀافغانستان. تهران — قم،۱۳۷۱ش
Сарчашма
вироиш- Гардез / Р. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.