Гардиши бор — нишондиҳандаи иқтисодии ҳаҷми боркашонӣ ба воситаи нақлиёти гуногун дар як муддати муайян.

Ин нишондиҳанда бо тонна (т), километр (км) ва мил ҳисоб карда мешавад ва ба массаи борҳои кашонидашудаю масофаи тайкардашуда дар як давраи муайяни вақт баробар мебошад. Дар шароити муосир гардиши бори нақлиёти автомобилгард, нақлиёти обӣ, нақлиёти р. о., нақлиёти ҳавоӣ, хатҳои интиқоли лӯлагӣ ва нақлиёти дарёӣ вуҷуд доранд. Нишондиҳандаҳои гардиши бор дар раванди банақшагирӣ ва таҳияи омор барои муайян кардани ҳосилнокии меҳнат дар нақлиёт (ҳаҷми тонна/километр ба як воҳиди корӣ) истифода бурда мешаванд. Арзиши боркашониҳо низ аз рӯйи ҳисоби тонна/километр ҳисоб карда мешавад, зеро хароҷоти боркашонӣ ба дурии роҳ ва вазни бор вобаста мебошанд. Гардиши бори нақлиёти обӣ аз рӯйи нишондиҳандаи тонна/мил ҳисоб карда мешавад. Гардиши бор дар нақлиёти р. о. бо нишондиҳандаи км/тонна муайян карда мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Гогол Б. И. Экономика советской торговли. М., 1971;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 7. М., 1972.

Сарчашма

вироиш