Гардиши воситаҳои гардон
Гардиши воситаҳои гардон — гирдгардиши пурраи воситаҳои гардон аз лаҳзаи азхудкунӣ (хариди ашёи хом, мавод ва ғайра) то истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти тайёр.
Гардиши воситаҳои гардон баробари ба ҳисоби корхона гузаштани маблағи даромад (фоида)-и бадастомада анҷом меёбад. Воситаҳои гардон ба худӣ ва қарзӣ ҷудо мешаванд. Воситаҳои худӣ воситаҳое мебошанд, ки доимо дар ихтиёри корхона қарор доранд ва аз ҳисоби захираҳои корхона ташкил дода мешаванд. Воситаҳои қарзӣ воситаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби захираҳои берунӣ ташкил меёбанд (қарзҳои бонкӣ, уҳдадориҳои кредиторӣ ва дигар пассивҳои корхона). Давомнокии гардиши воситаҳои гардон аз рӯи формулаи Д = Б : М/Р ҳисоб карда мешавад, ки дар ин ҷо Д — давомнокии гардиш дар рӯзҳо; Б — бақияи воситаҳои гардон (ҳисоби миёна ё барои давраи муайян) ба ҳисоби пул; М — ҳаҷми молу маҳсулот; Р — шумораи рӯзҳои барои давраи муайян ҳисобшуда мебошад. Камшавии давомнокии як гардиш аз беҳтар шудани истифодаи воситаҳои гардон шаҳодат медиҳад. Шумораи гардишҳо барои давраи муайян, ё худ зариб (коэффитсиент)-и гардиши воситаҳои гардон аз рӯи формулаи КГ = М/Б ҳисоб карда мешавад, ки дар ин ҷо КГ — зариби гардиш; М — ҳаҷми молу маҳсулот; Б — бақияи воситаҳои гардон (ҳисоби миёна ё барои давраи муайян) ба ҳисоби пул аст. Зариби гардиш ҳар қадар зиёд бошад, воситаҳои гардон ҳамон қадар хубтар истифода бурда мешаванд. Дар мавриди суръат бахшидани гардиши воситаҳои гардон захираҳои моддӣ ва манбаъҳои ташкилнамоии онҳо аз гардиш озод мегарданд. Дар сурати сустшавии суръати гардиши воситаҳои гардон ба пайдо кардани воситаҳои иловагӣ эҳтиёҷ пайдо мешавад. Самаранокии истифодаи воситаҳои гардон ба як қатор омилҳо: вазъи умумии иқтисодӣ, хусусиятҳои қонунгузории андозситонӣ, шароити гирифтани қарзҳо ва меъёрҳои фоизи онҳо, иштирок дар барномаҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд ва ғ. вобастагӣ дорад. Ин омилҳо новобаста ба манфиат ва фаъолияти корхона ба он таъсир расонида метавонанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гардиши воситаҳои гардон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.