Гардиши меҳварии Замин

Гардиши меҳварии Замин — дар атрофи меҳвари худ чарх задани Замин.

Замин чун дигар сайёраҳои Манзумаи офтобӣ дар ҳаракат аст ва яке аз онҳо Гардиши меҳварии Замин мебошад. Замин дар атрофи меҳвари худ дар самти муқобили ақрабаки соат, аз самти ғарб ба самти шарқ чарх мезанад. Мувофиқи қонунҳои механика, агар Замин шакли куравии сахту якҷинса медошт ё аз қабатҳои куравии зичиҳояш баробар иборат мебуд, он гоҳ самт ва даври Гардиши меҳварии Замин дар фосилаҳои баробари вақт доиман боқӣ мемонд. Шакли куравӣ надоштани Замин, якҷинса набудани сохти дохилии он, таъсири Моҳ, Офтоб ва сайёраҳои дигар сабаби тағйир ёфтани суръати гардиши Замин мегарданд. Гардиши меҳварии Замин тақр. ба 23 соату 56 дақиқаву 4,091 сония (шабонарӯзи сайёравӣ) баробар аст. Бо мурури замон суръати кунҷии гардиши Замин ва вазъи меҳвари он тағйир меёбанд. Меҳвари чархзании Замин мавқеи худро дар фазо якҷо бо ҷисми Замин ва ҳамчунин нисбат ба Замин дигар мекунад, яъне ҳаракати қутбҳо бо даври аз 305 шабонарӯз бештар ба амал меояд. Суръати гардиши Замин доимӣ нест, он нисбат ба гардиши кураи Осмон гоҳ баланд, гоҳ паст ва дар маҷмӯъ суст мешавад. Давомнокии як гардиши Замин дар ҳар садсолаи ду ҳазор соли охир ба ҳисоби миёна 0,0023 с зиёд шудааст. Аз сабаби майли меҳвари Замин баландии Офтоб дар давоми сол нисбат ба уфуқ доиман тағйир ёфта, сабаби ивазшавии фаслҳои сол мегардад. Мас., дар арзҳои шимолӣ дар фасли тобистон, ҳангоми ба сӯйи Офтоб майл доштани қутби шимолӣ рӯзҳо дарозтар буда, Офтоб дар Осмон болотар ҷойгир мешавад ва ин боиси боло рафтани ҳарорати миёнаи ҳаво мегардад. Дар фасли зимистон ҳангоми ба тарафи муқобили Офтоб майл доштани қутби шимолӣ вазъ тағйир ёфта, ҳарорати миёнаи ҳаво паст мефарояд.

Бинобар барзиёд будани массаи экватории Замин, Моҳ ва Офтоб претсессияи меҳварӣ бо даврияти тақр. 26000 сол дар атрофи қутбҳои эклиптика ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи ин претсессияи моҳу офтобӣ нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба самти равиши Офтоб бо суръати солонаи ~50" ҳаракат карда, сабаби тағйир ёфтани координатаҳои экватории ҷирмҳои осмонӣ мегардад. Ба ҳаракати претсессионии Замин лаппиши нутатсионӣ зам мешавад, ки дар натиҷаи тағйирёбии мавқеи ҷойгиршавии байниҳамдигарии Моҳ, Офтоб ва Замин ба вуҷуд омадааст. Ҳаракатҳои претсессионӣ ва нутатсионии меҳвари Замин боиси лаппиши қутби воқеии олам мегардад, ки он ба даври гиреҳҳои мадори ҳаракати Моҳ (~18,6 сол) баробар аст.

Гардиши меҳварии Замин ба бисёр ҳодисаҳои табиии сатҳи Замин таъсир мерасонад, мас., ба тамоюли ҷисми афтанда ба самти шарқ, хушкбодҳои тропикии ду нимкураи Замин, ки ба самти экватор (хатти истиво) мевазанд, вазиши шамолҳои шимолу шарқӣ ба самти шимол ва ҷанубу шарқӣ ба самти ҷануб, шуста шудани соҳили рости дарёҳо дар Нимкураи шимолӣ ва соҳили чап дар Нимкураи ҷанубии Замин, ба самти шарқ майл кардани сиклонҳои аз ҷануб ба шимол ҳаракаткунанда ва ғ.

Сарчашма

вироиш