Гардиши пул — ҳаракати пайвастаи воситаҳои пулӣ (нақдӣ ва ғайринақдӣ) ҳангоми хидматрасонӣ ба муомилоти мол.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ пул яке аз воситаҳои зарурии ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар раванди фаъолияти иқтисодӣ ташкили муносибатҳои иқтисодӣ дар байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматрасониҳоро бе истифодаи пул тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳамаи амалиёти хариду фурӯши мол ва хидматрасонӣ ба воситаи пул сурат мегиранд. Ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ метавонанд нақдӣ ва ғайринақдӣ бошанд.

Зарурати ташкили самаранокии соҳаи савдо, кам кардани харҷи истеъмолкунандагон ҳангоми хариду фурӯши молу хидматрасониҳо, таъмини дастрасии босуръату босифати молу хидматрасонӣ аз харидору истеъмолкунандагон истифодаи воситаҳои пули нақдро талаб мекунад. Ҳуқуқи ба муомилот баровардани пулҳои нақд ба ихтиёри Бонки марказӣ (миллӣ) ҳамчун маркази ягонаи эмиссионии мамлакат вогузор мегардад. Бинобар ин Г. в. п. аз бонки марказӣ (миллӣ) оғоз меёбад. Воситаҳои пулии нақдӣ ба ивази пулҳои ғайринақдӣ аз хазинаи бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ дода мешаванд. Бонкҳои тиҷоратӣ воситаҳои пулиро ба миҷозон медиҳанд ва ҳамчунин дар асоси шартнома бонкҳои дигарро бо воситаҳои пулӣ таъмин менамоянд. Бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади таъмини хидматрасонии корхонаҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ онҳоро бо воситаҳои пулӣ таъмин мекунанд ва бо ин мақсад дар хазинаҳои худ миқдори муайни воситаҳои пулиро нигоҳ медоранд. Корхонаҳо ва муассисаҳо воситаҳои пулии аз бонкҳо гирифтаашонро барои додани музди кор, нафақа, кумакпулӣ, хариди молу пардохти арзиши хидматрасониҳо ва дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Аҳолӣ бар илова аз пулҳои аз корхонаҳо гирифта, инчунин аз бонкҳои тиҷоратӣ фоизи пасандоз, дивидент ва воситаҳои пулиеро, ки дар суратҳисобашон доранд, метавонанд истифода баранд. Як қисми воситаҳои пулии аҳолӣ барои хариди молу пардохти арзиши хидматрасониҳо, қисми дигари онҳо барои пардохти андозҳо, хонапулӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ, адои қарз, хариди саҳмияҳо, пасандоз ва ғ. сарф мешаванд. Ҳамин тариқ, воситаҳои пулии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта боз ба хазинаҳои муассисаву корхона ва ташкилот, муассисаҳои тиҷоратӣ, хидматрасонӣ ва бонкӣ ворид мегарданд. Азбаски корхонаҳо ва муассисаҳо имкони нигоҳ доштани тамоми воситаҳои пулиро надоранд, қисми бештари онҳоро ба бонкҳои хидматрасонашон месупоранд. Бонкҳо дар навбати худ қисми зиёди воситаҳои пулиеро, ки дар ихтиёрашон доранд, ба ивази воситаҳои пули ғайринақдӣ ба бонки марказӣ месупоранд, зеро барои таъмини ҳисоббаробаркунӣ ба воситаҳои пулии ғайринақдӣ зарурат доранд. Ҳамин тариқ, Г. в. п. аз бонки марказӣ оғоз ёфта, дар он ба охир мерасад.

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2009.

Сарчашма

вироиш