Гардиши сармоя
Гардиши сармоя — муҳлати аз истифодаи маблағи сарфшаванда то ба дасти сармоядор баргаштани сармояи ибтидоӣ дар шакли пул.
Сармоя аз молу мулк, дороӣ, воситаҳои пулию молӣ иборат аст. Мафҳуми гардиши сармоя ҳаракати давомноку муттасили сармояро мефаҳмонад. Илми иқтисодшиносӣ ҳаракати сармояро ба ду намуд ҷудо мекунад: гирдгардиши сармоя ва гардиши сармоя.
Ҳаракати пай дар пай, аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармоя гирдгардиши сармоя номида мешавад. Яъне, сармоя гардишро дар шакли пул оғоз карда, баъд ба шакли маҳсулоти истеҳсолшуда мегузарад ва аз он ба шакли молӣ табдил меёбад. гардиши сармоя-ро К. Маркс чунин тасвир кардааст: П — М< ··· И···М' — П1: Иқтисодчиён сармояро аз рӯйи суръати гардиш ба ду ҳисса ҷудо мекунанд: асосӣ ва гардон. Ҳиссаи аввали сармоя аз олоти кор, мошину таҷҳизот, бинои истеҳсолӣ ва ғ. иборат буда, дар рафти истеҳсолот арзишашонро тадриҷан ба моли истеҳсолшаванда мегузаронанд (мас., биноҳои истеҳсолӣ то 30-40 сол, дастгоҳҳо то 5-7 сол, таҷҳизот 6-8 сол хидмат мекунанд). Сармояи гардон танҳо дар давоми як раванди истеҳсолот ширкат намуда, арзишашро комилан ба моли нав мегузаронад (мас., ашёи хом, масолеҳи ёрирасон, сӯзишворӣ, ҷараёни барқ, музди кор ва ғайра). Ба ғайр аз сармояи асосӣ ва гардон боз сармояи доимӣ ва тағйирёбанда фарқ карда мешавад. Ин раванд аз ҷониби К. Маркс бо мақсади нишон додани сарчашмаи афзоиши сармоя пешниҳод шудааст. Бо ҳамин роҳ вай нишон додааст, ки сармояи доимӣ дар ташаккули арзиши изофа ҳиссагузор нест, зеро манбаи афзуншавии сармоя заҳмати коргар мебошад. Яъне, сармояи тағйирёбандае, ки барои харидани қувваи коргарӣ сарф мешавад, боиси тавлиди арзиши изофа мегардад. Дар хоҷагидорӣ суръати гардиши сармоя ҳар қадар баланд бошад, имкони ба даст овардани фоида ҳамон қадар бештар мегардад. Барои баҳо додан ба гардиши сармоя вақти гардишро ченаку андоза мекунанд. Муҳлати гардиши сармоя аз истифодаи маблағи сарфшуда оғоз шуда, то ба охир расидани ин ҳаракат ба дасти сармоядор баргаштани сармояи ибтидоӣ дар шакли пулро дар бар мегирад. Дар хоҷагидорӣ, одатан, сармояи масрафшаванда бештар барои харидани сармояи асосӣ ҷудо мегардад. Барои барқарорсозии сармояи асосӣ фонди истеҳлокӣ (амортизатсионӣ) ташкил карда мешавад. Андозаи онро аз рӯйи арзиши унсурҳои сармояи асосӣ ва муҳлати хидмати онҳо муайян мекунанд. Бо пешрафти тамаддун ва рушди илму техника ҳиссаи сармояи асосӣ меафзояд. Ҳиссаи сармояи асосӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти сармоя фарқ мекунад. Суръати гардиши сармоя низ гуногун аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Маркс К. Капитал. Т. 1, гл. 4, 18//Маркс К., Энгельс Ф. Соч. изд. 2-е. Т. 24;
- Ивашковский С. Н. Микроэкономика. М., 2001;
- Исоматов Б. Асосҳои назарияи иқтисод. Д., 2006;
- Самуэльсон П., Нордхаус В. Экономика. М., 2006.
Сарчашма
вироиш- Гардиши сармоя / Б. Исоматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.