Гардҳор Дос (форсӣ: گردهار داس‎, тав. 1627) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Гардҳор Дос
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба забони форсӣ достони «Рамаяна»-ро дар қолаби маснавӣ тарҷума карда, ба ҳукмрони давр — Ҷаҳонгир пешкаш кард. Гардҳор Дос дар тарҷумааш ба сужети «Рамаяна» баъзе лаҳзаҳоеро ворид кардааст, ки аз асли ҳиндии асар фарқ мекунанд. Мас., дар достони ҳиндӣ Сито — завҷаи Рама ба замин фурӯ меравад, дар асари Гардҳор Дос ӯ дар миҳаффа (тахти равон) ба осмон парвоз мекунад.

Дастнависҳои маснавии Гардҳор Дос дар китобхонаи Музейи Британия (шумораи Оr 1251), Музейи миллии Покистон (шумораи N. M. 1973—162) маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш
  • دانشنامۀادبفارسی. ادبفارسیدرشبهقاره (هند،پاکستان،بنگلادش). جلدچهارم. بخشسوم. تهران،۱۳۸٠ش.ر

Сарчашма

вироиш